DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Шакли идоракунии маънавӣ

Дата: 2017-05-10

Дар шароити иқтисоди бозорӣ баланд бардоштани фаъолнокии ҳар як коргар бо роҳи гузаштан ба идоракунии манфиати ба назардошти манфиати шахси дигар ба демократизатсиякунонии идоракунӣ ва ҳаматарафаи истифода бурдани омилҳои инсонӣ зарур аст.
Объекти таъсиррасонии усулҳои идоракунии маънавӣ - ин шахс мебошад, мақсади усул - аз танзими ахлоқи ҳар як коргари алоҳида, эҳё намудани иқлими ахлоқию – рӯҳии муносибати байнишахсӣ, истифодаи омилҳои инсонӣ ва рушди ҳаматарафаи шахс  иборат аст. Субъекти асосӣ – роҳбари корхона, ки баназардошти таклифҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аъзоёни гурӯҳи меҳнатӣ такя намуда фаъолияти идоракунии худро мегузаронанд.
Усулҳои идоракунии маънавӣ (расми 3) ба чор гурӯҳ ҷудо мешаванд:
Шакли ташаккул ва рушди гурӯҳи меҳнатӣ- дар ташкилот, таъсири худро барои танзими муносибатҳои аъзоёни гурӯҳи меҳнатӣ ва бар тараф намудани вазъи низогӣ мерасонанд. Онҳо ба роҳбар барои дар дараҷаи оптималӣ нигоҳ доштани таносуби миқдорӣ ва аз ҷиҳати маънавии бо якдигар мувофиқ будани кормандон ёрӣ мерасонанд. Дар ташаккули гурӯҳи меҳнатӣ ду роҳи таъмин намудани мувофиқати маънавии кормандон истифода бурда мешаванд:

  • таъмини мувофиқати маънавии аксуламалӣ аъзоён дар ҷараёни фаъолияти гурӯҳи меҳнатӣ. Ин ҳолат дар натиҷаи ахлоқан бо якдигар мувофиқ будани аъзоён, умумият доштани манфиатҳо, талаботҳо, аломатҳо ва арзишҳои ба онҳо хос пайдо мешавад.
  • таъмини мувофиқати маънавии дутарафаи мӯътадил дар байни аъзоёни гурӯҳи меҳнатӣ ва роҳбар. Ин въаз дар натиҷаи муносибати башардӯстонаи роҳбар нисбат ба аъзоёни гурӯҳи меҳнатӣ дар асоси истифодаи тарзу усули роҳбарӣ, риояи маданияти идоракунӣ ва ахлоқи намунавии роҳбар ба миён меояд.

Шакли маънавии руҳбаландкунии коргарон-дар ташкилот, таъсири худро ба воситаи рушди ташаббускорӣ ва ҳавасмандкунии аъзоёни гурӯҳи меҳнатӣ ба мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳосилнокии меҳнат мерасонад. Барои баланд бардоштани дараҷаи фаъолнокии коргарон истифода бурдани назарияҳои ҳавасмандкунии А. Маслоу, Д. Макгрегор, Ф. Херсберг, В. Врум, Ҷ.С.Адамс ва Портер-Лоулер ба мақсад мувофиқ мебошад.
Шакли интихоби касб ва таёр намудани мутахассисон-дар ташкилот, таъсири худро ба воситаи тавсифи маънавии мутахассис ва муайян намудани мувофиқ будани он ба талаботи  вазифаномаи тахассусӣ мерасонад.
Истифодаи усулҳои маънавии идоракунӣ аз роҳбарон омӯхтани сифатҳои руҳии кормандонро талаб менамояд.
Шахс-системаи бутун буда сифатҳои:хирадмандӣ, иҷтимою-маданӣ, ахлоқию-иродавиро дарбар мегирад. Яке аз аломатҳои асосии шахс-ин нотакрор ва инфиродӣ будани хусусиятҳои ба он хос мебошад.
Сифатҳои асосии шахс: тавсиф (хислат, феъл), мизоҷ, қобилият, ҳиссиёт, ҳавасмандӣ ва ғайраҳо мебошад. Барои ташаккули гурӯҳи меҳнатӣ ва идоракунии он сифатҳои муҳимтарини маънавии шахс: раванднокӣ, мизоҷ, тавсиф ва қобилияти шахс моҳияти аввалиндараҷа доранд.
Раванднокии шахс – ба ҷаҳонбинии одам – системаи ақидаҳои ӯ нисбат ба ҷамъият, тарзи зиндагӣ, меҳнат ва ғайраҳо вобастагӣ дорад. Равандноки ба се гурӯҳ ҷудо мешавад: ахлоқию-сиёсӣ, касбӣ ва маишӣ.
Мизоҷи шахс – хусусиятҳои биологии шахс дар мизоҷи он – навъи фаъолияти амрозии одам ифода мешавад. Мизоҷ аз рӯи қувват, мӯътадили кайфият суръатнокии раванди амрозии одам муайян карда мешавад. Ин сифатҳо бо якҷоягии таркибҳои гуногун ифода карда мешаванд, лекин аз ҷумлаи онҳо чаҳор навъи мизоҷҳо дар амал тавсиф карда шудаанд:   сангвиникӣ,  холерикӣ, меланхоликӣ ва   флегматикӣ.
Мизоҷи сангвиникӣ – ба одами зиндадил, серҳаракат, таассуроти тағйирёбанда дошта, бо зидди ба ҳодисаҳои муҳити атроф   эътибор диҳанда, бо ноомадии кор ва дигар мушкилиҳо   тобоваранда хос  мебошад.
Кайфияти сангвиник тағйирёбанда аст, аксирияти ҳиссиёти  маънавии онҳо мӯътадил ва мусбӣ мебошанд.
Мизоҷи холерикӣ – ба одами тез, серғайрат, қобилияти баланди корӣ дошта хос аст.  Халерикҳо ҳиссиёти руҳии номӯътадил доранд, онҳо тез-тез  ба эҳсосоти пуршиддат гирифтор мешаванд, кайфияти зуд тағйирёбанда доранд. Ба одамони ингуна мизоҷ дошта раванди амрози номӯътадил хос мебошад. Дар эҳсосотии худ онҳо метавонанд ба дигарон муомилаи дағалона кунанд. Халерикон,  тамоми қувваи худро ба кор сарф менамоянд ва дар натиҷа аз ҳад зиёд хароб мешаванд.
Мизоҷи меланхоликӣ – ба одами тез хафашаванда, ба ҳодисаҳои муҳити атроф бо андӯҳгинии чуқур назаркунанда,  фаъолнокии дараҷаи паст дошта ва диққати  парканда дошта мансуб мебошад.
Мизоҷи флегматикӣ – ба одамони кайфият ва рағбати устуворона дошта, ботамкин,суботкор ва  сусткор хос аст. Ингуна одамон, аз рӯи қиёфаи берунии худ ҳамавақт ором, дар кор ва рафтор мӯътадил ва ахлоқи қатъи доранд. Сусткории  онҳоро эҳтиёткории онҳо бартараф менамояд, аз ин лиҳоз, онҳо қобилияти кории пурсамар доранд.
Дар таркиби сифатҳои одамон хислатҳои мизоҷҳо бо алоҳидагӣ кам вомехӯранд. Бинобар ин,  дар амал мизоҷи одамонро аз рӯи хислатҳои бештарини ба ин ё он мизоҷ хос буда муайян менамоянд. Омӯхтан ва аз худ намудани мизоҷҳои коргарон дар ҳаёт ва фаъолияти ташкилот дар ташаккули гурӯҳҳои меҳнатӣ, идоракунии онҳо ва муоширати байни шахсии кормандон аҳамияти муҳим доранд.   Масалан, роҳбар, бояд нисбати одами мизоҷи халерики дошта дар муносибат ба он пуртоқат ва сипоҳ бошад.   Роҳбар агар ба ингуна шахсон ягон хел айб гузорад, албатта аз тарафи онҳо  ҷавоби аксуламали пуршиддати эҳсосотнок  мешунавад, ки дар натиҷаи он дар бисёр мавридҳо низои байнишахсӣ ба миён меояд. Халерикҳо  барои иҷро намудани корҳои якхелаи суръатнокии суст дошта  завқ надоранд. Роҳбар дар рафти муошират бо меланхоликон бояд эҳтиёткор бошад, ба шахсияти онҳо нарасад. Одамони ингуна мизоҷ дошта бисёр  нозук мебошанд, ба эҳсосот дода  мешаванд ва  дар оқибат гиряву нола мекунанд. Барои ҳавасмандӣ ва фаъолнокии  одамони мизоҷи сангвиники дошта   вобаста намудани вазифаҳои нави мураккаб зарур аст. Ба флегматик бошад, баръакс корҳои диққаталабро  вобаста намудан лозим аст. Онҳо тоқати дараҷаи баланд доранд ва  метавонанд   дар як ҷо нишаста  дар давоми рӯзи корӣ кор кунанд  ва эҳтиёткор бошанд.  Дар вақти интихоби мутахассисони ҷавон ва ҷобаҷогузории онҳо мувофиқи талаботи вазифаномаҳои тахассусии кормандони савдо ба назар гирифтани хусусиятҳои мизоҷии онҳо аҳамияти калон дорад.
Тавсиф – ин системаи сифатҳои асосии   бо ҳам алоқамандӣ муайяни шахс буда  дар ҳаракати инфиродӣ, ахлоқ ва  муносибати муошират бо дигар одамон ифода мешавад. Тавсиф – ин таҷзияи раванди ҳаёти ва қиёфаи ахлоқи, фаъолияти иҷтимоию-меҳнатӣ, дараҷаи тарбияноки одам буда дар асоси  таъсири муҳити атроф ва худтарбиякунӣ  шахс ташаккул меёбад.
Фанни психология тавсифро бо чор гурӯҳ ҷудо намудааст:

  • муносибати одам ба гурӯҳи меҳнатӣ, ба дигар одамон, ба ҷамъият;
  • муносибати одам ба меҳнат;
  • муносибати одам ба тақдири худ;
  • муносибати одам ба мол ашё (либос);

Тавсифи  муносибати  одам ба гурӯҳи меҳнатӣ, ба дигар одамон ва ба ҷамъият. Дар ин гурӯҳи тавсиф бояд хислатҳои зерини мусбию-манфии шахсро ифода намояд. Хислатҳои мусбӣ сахигӣ, ғамхорӣ, серталабӣ, дастҷамъӣ, ватандӯстӣ, башардӯстии шахсро дарбар мегирад. Хислатҳои манфӣ: бефарқӣ,  бепринсипӣ, дағалӣ, манфиатпарастӣ, бахилӣ, ҳасудхурӣ, худписандии шахсро ифода менамояд.     
Тавсифи муносибати одам ба меҳнат. Дар ин гурӯҳ аз ҷумлаи – хислатҳои мусбӣ: меҳнатдӯстӣ, суботкорӣ, ташаббуснокӣ, поквиҷдонӣ, фаъолӣ ва аз ҷумлаи хислатҳрои манфӣ-лабандӣ, сусткорӣ, бефарқӣ нисбат ба кор,   аз кор гурезӣ, рӯякикорӣ   ва ғайраҳо бояд акс ёбанд.
Тавсифи муносибати одам ба тақдири худ. Дар ин гурӯҳи тавсиф бояд хислатҳои зерини мусбӣ ва манфӣ акси худро ёбанд. Хислатҳои мусбӣ:   қадрнокӣ, сарбаландӣ, худтанқидӣ, фурӯтанӣ ва ғайраҳо. Хислатҳои манфӣ – худпарастӣ, хабаркашӣ, хафашавӣ, шарминӣ ва ғайраҳо.
Тавсифи муносибати одам ба  мол, ашё (либосҳо). Дар ин гурӯҳ, аз ҷумлаи хислатҳои  мусбӣ: тозатабиатӣ, озодагӣ, эҳтиёткорӣ аз ҷумлаи хислатҳои манфӣ- ифлоскорӣ, халофакорӣ, чигилкорӣ, исрофкорӣ ва ғайраҳо бояд акс ёбанд.
Асоси тавсифро ирода ташкил медиҳад. Хусусиятҳои ирода ба сифати шахс мегузарад ва қиёфаи умумии тавсифро  дарбар мегирад. Ирода бо қувваи тавсиф алоқамандии бевосита дорад ва бо қавагӣ, ҷуръатнокӣ, серҳаракатии худ дар аломатҳои гуногуни ирода  ифода мегардад. Фаоъолнокӣ – аломати қимматноки тавсиф буда, фақат  ба фаъолияти  мақсадноки аҳмияти ҷамъиятӣ дошта хос мебошад. Соҳибихтиёр будан- фақат дар мавриди интизомноки  шахс, риояи аниқи қоидаҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ  фоидабахш мебошад.
Мувофиқ будани одам барои иҷрои ягон намуди фаъолият дар ташкилот бо роҳи баҳодиҳӣ ба ҷамъи сифатҳои шахс муайян карда мешавад. Ин амалиёт дар мавриди ба кор қабул намудани коргарон, интихоб ва тайёр намудани мутахассисон, ба кори дигар гузаронидани коргарон  гузаронида мешавад. Дар ин давра, ба дараҷаи донишҳои махсус, ҷаҳонбинии умумӣ, қобилияти худидоракунӣ, аз ӯҳдаи ташкили меҳнати худ ва меҳнати дигарон баромадани коргарон низ баҳо додан  зарур аст. Ба мақсади пурратар истифода бурдани хусусиятҳои инфиродӣ ва имкониятҳои ҳар як одам дар асоси интихоби касб ва самтёбии касбӣ, пурра муайян намудани   сифатҳои шахсии коргар  ва мувофиқ будани онҳо ба талаботҳои тахассусии ихтисосӣ зарур мебошад.
Барои истифодаи усулҳои идоракунии  маънавӣ роҳбар бояд роҳҳои самаранокӣ чӣ хел ташаккулёбӣ ва инкишофёбии гурӯҳи меҳнатии корхонаҳои савдоро донад. Ин ҳолатро ба ёрии амалиётҳои:  мушоҳида кардан, таҷриба гузаронӣ, омӯхтани маънавиёти шахсии   ва тахассуси  коргарон, пурсишгузаронӣ, пурсишгузаронӣ бо истифодаи саволнома, санҷишгузаронӣ дар асоси саволҳои аниқи хаттӣ, омӯхтан ба мақсад мувофиқ аст.  Ҷамъ овардани  маълумотҳои маънавӣ доир ба муносибатҳои байнишахсӣ ва гурӯҳӣ дар ташкилот, дараҷаи қобилиятнокӣ ва сифатҳои маънавии ҳар як коргар,  ба якдигар  мувофиқ будани аъзоёни гурӯҳи меҳнатӣ аз рӯи хислатҳои маънавӣ,  таъсири тарзи роҳбарӣ ба иқлими маънавии ташкилот, тарзи ташкили оптималии кор ва роҳбарии дар гурӯҳи меҳнатӣ  ва таҳлили онҳо барои андешидани чорабиниҳо оид ба такмили фаъолияти гурӯҳи меҳнатӣ имконияти зарурӣ медиҳад.
Дар асоси маълумотҳои хусусиятҳои ахлоқӣ, тавсифи ҳар як мутахассиси алоҳида, роҳбар метавонад   ахлоқи онҳоро омӯзад, ва ба  иқлими маънавии   гурӯҳи меҳнатӣ мувофиқ намояд. Аз ин лиҳоз, яке аз шартҳои муҳимтарини эҳё ва рушди гурӯҳи меҳнатӣ - ин  дар ҷараёни фаъолият риоя намудани ринсипи муросоӣ маънавӣ дар ҷараёни меҳнат мебошад. 

 
Дар гурӯҳи меҳнатӣ, агар ба ҷабҳаҳои маънавии идоракунӣ этибори зарурӣ дода нашавад, дар байни кормандон   муносибати носолим ба миён меоядд, ки  дар натиҷаивай дараҷаи маҳсулнокии меҳнат паст мегардад.

Просмотр: 2297

Категории

Ҷомеашиносӣ (Сотсиология)
Ҳуқуқи инсон
Қонунҳо
ҚИССАҲО
Этика ва Эстетика
Энергетика
Экология
Шоирон
Шеърҳо
Фарҳангшиносӣ
Фалсафа
Туризм
Тиҷорати Электронӣ
Тиҷорат (Коммерция)
Таърих
Табрикнома
Суғурта
Системаи иттилоотӣ
Сиёсатшиносӣ
РУШДИ ИНСОНӢ
Психология
Омор (статистика)
Нархгузорӣ
Намунаи ҳуҷҷатҳо
Молшиносӣ
Молия ва қарз
Менеҷмент
Математика
Маркетинг
Маркази Миллии Тести
Макроиқтисод
Логистика
Либос
Консепсияҳои табиатшиносии муосир
Кимиё (Химия)
Иқтисодиёт
Информатика
Идеология
Забони тоҷикӣ
Диншиносӣ
Демография
Дандонпизишкӣ (Стоматология)
Гумрук
География
Бонк
БМ ва дониш
БиоХимия
Биология
Биогеография
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Асосҳои соҳибкорӣ
Андоз ва андозбандӣ
web -дизайн
VBA- барои 2003
PHP ва MySQL

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved