Дата: 2017-03-17
Сўфия фалсафаи худро ташаккул дод, ки дар он масъала?ои умдатарине, ки дар назди тафаккури фалсафии мамолик?ои Шар?и ислом? меистод гузошта шуданд. Ин масъала?о аз нукта?ои зерин иборатанд:
Тасаввуф чун ?араёни фалсаф? ба та?рибаи бои чунин равия?ои фалсаф? чун калом, машшоия, исмоилия ва ишро?ия такя менамояд ва макула?о ва маф?ум?ои офаридаи ин ?араён?ои фалсафиро васеъ истифода мебарад. Маърифати сўфия, ки дарки ?а?и?атро ?адафи худ ?арор дода буд, ?и?ат?ои назар? ва амал? дошт. Дар ?исми амалии тасаввуф солик мар?илаи якуми камолоти сўфиён шариатро тай намуда ба зинаи дуюми он тари?ат мерасад, аз он ?о бо ро?и маърифат ба зинаи олии тасаввуф ?а?и?ат мерасад.
Сўфие ки бо ро?и шариат меравад «солик», онеро, ки бо ро?и тари?ат меравад ма?зуб, ба маърифат расидагонро солики ма?зуб ва ба ?а?и?ат расидагонро ма?зуби солик меноманд. Барои ба чунин шакли маърифат ноил шудан сўф? бояд ахло?и разилаи худро тарк намояд ва со?иби ахло?и ?амида шавад. Ў бояд дарк намояд, ки ву?уди ?а?и?? ?амон ву?уди ?а? аст ва ?амаи махлу?оти олам эътибор? буда, сояи (та?айюли) ?амон ?а?и?атанд Аз ин рў, инсон ?амчун махлу? бояд худро аз хал? дур намояд ва аз ?и?ати маънав? ба ?а? наздик шавад ва худшиносии хешро таъмин намояд Дар «Гулшани роз»-и Ма?муди Шабистар? ба ?амин мазмун омадааст:
Висоли ?а? зи хал?ият ?удоист,
Зи худ бегона гаштан ошноист.
Инсон ?ангоми офаринишаш со?иби як заррача рў?и худованд? гашта буд ва ў метавонад бо воситаи риёзат, аз ахло?и разила, аз «ман»-и худ даст кашида, то ?а?и?ат расад, яъне ба дара?аи худо? со?иб шавад. ?амин тари?а, тасаввуф ба дара?аи худо? расидани инсонро имконпазир мешуморад ва аз ин ?и?ат афкори тасаввуфф? ба нуктаи асосии таълимоти дини ислом дар бораи Худои якаю ягона му?обил аст. Ма?з нидои Мансури ?алло? «Анал?а?» (ман Худоям), барои ба ?атли ў фатво додани фа?е?ону муфтиёни ислом, ба?онаву сабаб шуд.
Бино ба тасаввуф сўф? дар ?араёни сайри такомули маънав? баъди аз худ дур намудани олоиш?ои олами модд? ва касби сифат?ои ?амидаи ахло?? барои дарки холи? ?обилият пайдо карда, ?и?оби байни худ (субъекти маърифат) ва Худо (объекти маърифат)-ро аз миён мебардорад. Чунин ?олатро сўфиён мукошифа меноманд.
Баъди бардошта шудани ?и?об?о, агар солик бавосита холи?ашро дарк намояд ва ого? шавад, ки ву?уди ў ?амон а?адиятест, ки солик зу?ури он мебошад, байни он?о дигар монеае намемонад. Ин ?олатро бошад дар тасаввуф мушо?ида меноманд.
Яъне, солик, зимни камолоти маънав?, ?а?и?ати реалию куллиеро (ба истило?и Му?иддин ибн – ул – Араб? ву?уди мунбаситеро) мушо?ида мекунад, ки сарга?и он Худо ва охири он табиат мебошад. Инсон ?амчун ма?сули инкишофи табиат ин ду ну?таро ба ?ам пайваста, як ву?уди куллиеро ташкил меди?ад ва худашро аз ?и?ати камолоти маънав? ба Худо баробар карда, ма?оми худро аз дара?аи пай?амбар? ?ам волотар мешуморад.
?амин хел ў бо чашми дил ?а?и?ати реалиро бевосита мебинад, аз худ фон? ва ба худ бо?? шуда, ба дара?аи муоина ё худ ?улул мерасад ва бо як чашми худ холи?у бо дигараш ?ама махлу?ро мебинад. Аз ин рў, соликеро, ки ба дара?аи маърифати комил рассидааст, «зулайнайн», яъне со?иби ду чашм меноманд.
?ояи асосии «ва?дати ву?уд» дар таълимоти Мансури ?алло? ба ву?уд омада, дертар онро Му?иддин Ибн – ул – Араб? аз ?и?ати назар? асоснок намудааст. Ба ?авли Му?иддин Ибн – ул – Араб?, агар ба сурати хори?ии ?а?и?ати ягона бингарем, он «восут» аст ва чун ба ботини он бингарем, он «ло?ут» бувад. Пас на фа?ат дар инсон, балки дар ни?оди тамоми мав?удот ду сифати як мабдаъ во?еъ аст, ки онро го? зо?иру ботин, го? ?ав?ару араз меноманд. Азин рў, ?а?и?ати азал? ба ?амаи ву?уд та?алл? мекунад, вале дар инсон он дар комилтарин сурате ?илвагар мешавад. Бинобар он инсон «мухтасари шариф» ё «кавни ?омеъ» ё худ «инсони комил» номида мешаввад. Ў олами са?ирест, ки дар оинаи ву?удаш ?амаи камолоти «олами кабир» инъикос меёбад. Агар инсон ориф шуда, худро дарк кунад, он мазмуни дарки Худоро дорад ва мо?ияти ин худошинос? худшиносии комили инсон ва бар?арор шудани шахсияти ў мебошад.
Маф?уми «?авонмард?» барои а?ли тасаввуф а?амияти хосса дорад. ?авонмард?, ин дароз кардани дасти ёр? ба дигарон, накўкору накўандеша будан, ниго? доштани асрор, пўшидани роз, саховатманд?, ?алим?, хоксорию ?аноат ва ?айра мебошанд. Бинобар ин а?ли тасаввуф дар байни одамони одд? тарафдорони бисёреро доштанд.
Мазмуну мо?ияти таълимоти тасаввуф аз бисёр ?и?ат ба рукн?ои асосии дини ислом зарба зада, зо?иран баъзе ?и?ат?ои масъаларо аз бими замона ниго? дошта бошад ?ам, дар асл дар таълимоташ ?оя?ои фалсафию озодандеширо дохил карда, афкори мул?идонаро низ инкишоф додааст. Ма?з аз ?амин сабаб бисёр сўфиёни намоёнро намояндагони дин ба куфру зинди?а айбдор карда, ба ?атл расонидаанд. Масалан Айнул?уззоти ?амадониро соли 1138 ба дарвозаи мадрасае, ки ў дар он ?о дарс мегуфт, ба кофир? айбдор карда, овехтанд.
Дар таърихи тасаввуф на ?амаи сўфиён ?араёни маърифатро як хел мефа?миданд. Вобаста ба дара?аи ?а?онбиниаш ?ар як сўф? яке аз зина?ои дара?аи камолотро ма?сади ни?оии худ ?арор дода, барои расидан ба он кўшиш мекард. Вобаста ба хусусияти дарки назарии тасаввуф ва э?одиёти шоирони мутасаввиф навъ?ои гуногуни тасаввуф азон ?умла: Тасаввуфи обидона (?асани Баср?, Маъруфи Карх?), тасаввуфи оши?она (Робияи Адвия, Мансури ?алло?, Абўсаиди Абулхайр), тасаввуффи шоирона (Абдулма?иди Сано?, Фариддуддини Аттор, ?офизи Шероз?, Абдура?мони ?ом?), тасаввуфи орифона (?алолиддини Рум?, Ма?муди Шабустар?) дар адабиёти классикии араб ва форсу то?ик ба ву?уд омаданд.
?и?ат?ои гуногуни таълимоти тасаввуф ва тобиш?ои сиёсии онро дар тўли таърих бисёр гурў??о ба манфиати худ истифода бурдаанд. Сўфиён дар ?и?од ва ?аракати сарбадорон фаъолона иштирок намудаанд. Баъзе аз шайхони тасаввуф аз нуфузу эътибори худ истифода бурда, сарват ?амъ кардаанд. Масалан асосгузори силсилаи тасаввуфи сафаввия Сафиуддини Ардабил? аввал ба феодали калон табдил ёфта, баъд сулолаи шо?они Эрон сафавиёнро ба ву?уд овард.
Просмотр: 3299
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved