DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Wireless Application Protocol (WAP)

Дата: 2016-12-03

Ин протоколи дастрасии бесим ба сомонаҳои Интернетӣ бевосита, бо телефонҳои мобилист. Бо ёрии ин технология Шумо метавонед, ба захираҳои интернетӣ аз нуқтаи дилхоҳ ва дар вақти дилхоҳ дастрасӣ пайдо кунед.

Бартарии асосии WAP дар он аст, ки барои кор дар шабакаи Интернет таҷҳизотҳои иловагӣ лозим набуда, танҳо доштани дастгоҳи мобилӣ бо дастгирии WAP кифоягӣ мекунад ва иттилоот дар намоишгари телефонии мобилӣ тасвир меёбад.

Инчунин тариқи WAP на танҳо сомонаҳои оддии Интернетиро, балки WAP саҳифаҳоро хабар (зиёрат) кардан мумкин аст. WAP – захираҳо дар форматҳои махсуси WML сохта мешаванд. Ин забон сомонаҳое, ки мутобиқ ба имкониятҳои телефонҳои мобилӣ ҳастанд, пешбинӣ шудааст. WEB саҳифаҳои оддӣ андозаи беҳад калони иттилоотиро доро мебошанд, онҳо аз графика таркию ёфта ва барои тамошо кардан дар намоишгарҳои компютерҳо пешбинӣ шудаанд. WAP — саҳифаҳо инчунин метавонанд, ранга вале бо иттилооти камтар ва мусоид барои тамошо кардан дар намоишгари телефонии мобилӣ башанд.

Бо ёрии WAP ба Шумо имкони қабули иттилооот аз доираи васеи масоил дар реҷаи интерактивӣ бидуни компютер танҳо тавассути телефони мобилӣ муяссар мегардад. Бо ёрии WAP – телефон метавон почтаи электрониро қабул ва интиқол дод, инчунин расму логотипҳои ранга, навоҳои полофонӣ, рингтонҳо ва бозиҳоро ба телефон гузаронидан мумкин аст. Муштариёни навоғоз дар фаҳмиши GSM, GPRS, ва WAP ҳар дам ба саҳву иштибоҳ дучор мешаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки онро ба Шумо оддитар карда фаҳмонем. WAP – ин технологияе, ки бе иштироки компютер, имконияти пайдо кардани дастрасии бевоситаро ба Интернет, тавассути телефони мобилӣ медиҳад.

Яъне, нишаста дар каҳвахона ё автобус, сайругашткунон дар кӯчаҳои шаҳр ё дар болои кати хона ғел зада Шумо метавонед дар шабака саҳифаҳои махсуси WML тамошо намоед ва ҳаҷми зиёди иттилооти муфидро пайдо кунед.

Барои он ки ин технология (WAP) ба шабакаи Интернет дастрасӣ пайдо кунад, ба он шоҳроҳи (канали) додаҳо лозим аст. Маҳз GSM ва GPRS ҳамчун шоҳроҳи додаҳо хизмат мерасонад. Фарқ байни ин ду шоҳроҳ, дар суръати додугирифти додаҳо, тарофасозӣ ва дигар табиати онҳост. Баландтарин суръати аслӣ дар шоҳроҳи GPRS 171.2 кб/с ва дар шоҳроҳи GSM сустар буда ҳамагӣ 9.6 кб/с – ро ташкил медиҳад. Чӣ тавре, ки мебинем, фарқият ниҳоят калон аст. Аз ин рӯ WAP тавассути шоҳроҳи GPRS хеле тезтар кор мекунад. Ба замми ин, тарофасозии интиқоли додаҳо аз рӯи ин шоҳроҳҳо мутлақо фарқ мекунад. Ҳангоми қабули додаҳо тавассути шоҳроҳи GSM аз дақиқаи авали истифодаи иттилоот пардохти маблағ оғоз мегардад. Дар шоҳроҳи GPRS бошад, танҳо трафик (адади қабули интиқолдодаи иттилоот) пардохт карда мешавад.

Барои истифодаи хидмати WAP зарур аст:
— доштани мухобира, ки қудрати кабули ин технологияро дорад;
— номнависӣ дар хадамоти интиқоли додаҳо;
— ворид кардани лавозимоти зарурӣ ба танзимоти мухобира.

Просмотр: 1425

Категории

Ҷомеашиносӣ (Сотсиология)
Ҳуқуқи инсон
Қонунҳо
ҚИССАҲО
Этика ва Эстетика
Энергетика
Экология
Шоирон
Шеърҳо
Фарҳангшиносӣ
Фалсафа
Туризм
Тиҷорати Электронӣ
Тиҷорат (Коммерция)
Таърих
Табрикнома
Суғурта
Системаи иттилоотӣ
Сиёсатшиносӣ
РУШДИ ИНСОНӢ
Психология
Омор (статистика)
Нархгузорӣ
Намунаи ҳуҷҷатҳо
Молшиносӣ
Молия ва қарз
Менеҷмент
Математика
Маркетинг
Маркази Миллии Тести
Макроиқтисод
Логистика
Либос
Консепсияҳои табиатшиносии муосир
Кимиё (Химия)
Иқтисодиёт
Информатика
Идеология
Забони тоҷикӣ
Диншиносӣ
Демография
Дандонпизишкӣ (Стоматология)
Гумрук
География
Бонк
БМ ва дониш
БиоХимия
Биология
Биогеография
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Асосҳои соҳибкорӣ
Андоз ва андозбандӣ
web -дизайн
VBA- барои 2003
PHP ва MySQL

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved