Дата: 2016-12-01
Хо?а Шамсиддин Му?аммад ибни Ба?оуддин ?офизи Шероз? соли 1321 дар ша?ри Шероз, ки да??о адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ?о зистааст. Номи шоир Шамсиддин Му?аммад ва тахаллусаш ?офиз аст. Сабаби «?офиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ? ?уръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард.
Бобои ?офиз, ки аз Купо ном музофоти Исфа?он буд, ?ангоми ?авонии падари ?офиз ба Шероз мек?чад ва дар он ?о и?омат ихтиёр мекунад. Падари ?офиз, ки Ба?оуддин ном дошт, дар Шероз ба касби ти?орат маш?ул буд. Модари ? аз а?ли Козрун буд. Зиндагии осоишта дар хонадони ?офиз дер напоид. ?ан?з дар ва?ти тифл будани ?офиз падари ?авони ? аз олам гузашт. Аз ? чанд фарзанди хурдсол ятим монданд. Дар андак ва?т мероси гузоштаи падари ?офиз тамом шуд. Бародарони у ба ?усту??и лу?маи ноне ба ?ар тараф рафтанд. ?офиз, ки дар байни он?о аз ?ама хурд буд, бо модараш дар Шероз монд. Модар фарзанди худро аз х?року п?шок таъмин карда натавониста, ?ро ба дари сарватманде ба хидмат дод. ?офиз баъд аз чанде ба хидмати нонво? ба шогирд? истод ва касби хамиргариро пешаи худ сохт. Касби ?офизи хурдсол басе вазнин ва то?атфарсо буд. ? аз нимаи шаб то суб? хамир мекард ва музди ба даст овардаашро ба ча?ор ?исса та?сим мекард; як ?иссаи онро ба модараш медод, як ?иссаро худаш сарф мекард ва як ?иссаи дигарро ба мактабдор дода, р?зона дар мактаби ? мехонд. Чоряки бо?имондаро ба бечорагон хайр мекард. Дар мактаб ?офиз истеъдоди фав?улоддаи фитри зо?ир намуда, ?уръонро зуд аз ёд кард ва хондану навиштанро низ ба хуб? ом?хт. Дар ма?аллае, ки ?офиз мезист, д?коне буд, ки он?о а?ли адаб ?амъ шуда, муошира ва базми сухан меоростанд. ?офиз низ го?-го?е аз он ма?фил файз гирифта, ба маш?и шеър о?оз кард. Лекин бештари ва?ти ? ба андухтани илм сарф шуда, ?офиз дар баробари муста?илона ом?хтани мероси форсизабонон забону адабиёти араб, ?адису фи??, ?андасаву ну?ум ва ?уръонро бо ?идду ?а?д ом?хта, дар андак замоне ?амчун олим маш?ур шуд. ? ?атто ба китоби маш?ури ‘’Тафсири кашшоф’’ шар? навишт. ?офиз ?ое ба ом?зиши улум ишора карда мегуяд:
Илму фазле, ки ба чанд сол дилам ?амъ овард Тарсам он наргиси мастона ба я?мо бибарад
Аз ишора?ои худи у му?а??и?они гузашта ва имр?за пай бурдаанд, ки ? со?иби зану фарзанд будааст. Ба ?авли муаллифи тазкираи «Хизонаи Омира» ?уломалихони Озод, фарзанди калони Хофиз, ки Шо?нуъмон ном доштааст, дар ?индустон фавт карда будааст. Фарзанди дигари ? дар к?дак? аз олам гузаштааст. Инчунин аз ашъори ?офиз маълум мешавад, ки ёри азизаш ?ам ?ро тан?о гузошта, оламро хеле пеш аз ? падруд гуфта будааст. Бар замми махрумият?ои оилав? ва шахс? ?офиз аз замонаи шум низ азият?ои зиёд мекашид. Хофиз дар замоне хаёт ба сар мебурд, ки задухурдхои пайдарпаи хокимони махалли мамлакатро хароб ва мардумро хонавайрон мекарданд.
Дар баробари нооромии замон, задухурд?ои ашрофзодагон, ?атлу ?орати бегонагон а?воли зиндагии ?офиз ?ам, бешуб?а то?атфарсо буд. Махсусан ?окимону давлатмандони Шероз ба ?адри сухани ?офиз намерасиданд. Аз ?амин ?и?ат шоири бузургвор шиквахо мекард.
Сухандонию хушхон? намеварзанд дар Шероз, Биё, ?офиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.
Бо ву?уди ин ?адар парешони Хофиз шабу руз кор мекард, шеър мегуфт. Газалхои намакини у дар саросари кишвар?ое, ки забони точики – форсиро медонистанд, гулгулахо меафганд ва ба кавли Давлатшохи Самар?анд? дар хама чо макбули дилу хавоси мардуми авом мегардид. Мураттиби номаълуми девони Хофиз низ пас аз андаки вафоти у хабар медихад, ки шеъри Хофиз бо тамоми чалол ва шукух дар андак муддате ба аксои Туркистон, Хиндустон, Ирок, Озарбойчон расида, газалхои шурангези у чунон маъкули хосу ом гашта буд, ки мачлисе бе нукли сухани завкомези у равнак намеёфт. Худи Хофиз низ шухрати ашъори шурангези худро чунин тасвир менамояд:
Ба шеъри Хофизи Шероз мегуянду мераксанд, Сиёхчашмони кашмирию туркони самарканди. Ироку Порс гирифти ба шеъри хуш Хофиз, Биё, ки навбати Багдоду вакти Табрез аст.
Овозаи Хофизро шунида, хокимони гуногун аз Хиндустону Ирок мехоханд, ки Хофиз дар дарбори онхо хидмат кунад. Уро бо ин максад даъват мекунанд. Чунончи, дар замони Муборизиддин, ки ахволи Хофиз дар Шероз табох буд, Султон Увайс уро ба Багдод даъват мекунад. Дере нагузашта бародари у Султон Ахмад Султон Увайсро кушта, дар соли 1382 ба тахт нишаст. У низ хост, ки Хофизро ба дарбори худ чалб намояд. Вале Хофиз аз Порс ба чониби Багдод рагбат накард ва ба хушкпораи нони ватани худ каноат намуда, онро аз шахди шахрхои гариби боло мегузошт. Хофиз Шерозро басе дуст медошт ва ба он ифтихор мекард. Аз ин ру, ба сахтиву зори хам бошад, зиндагии Хофиз асосан дар Шероз гузаштааст ва дар тамоми умри худ ду бор ба Язд, як бор ба Исфахону Хурмуз ба сафар баромадани уро мухаккикон тахмин мекунанд. Вафоти Хофиз дар соли 1390 мелоди вокеъ гардидааст. Харчанд Хофиз вафот кардааст, вале каломи шурангезу ашъори диловезаш хазорон шуридагону ошикони сухани форсиро тасхир намудаву барои хамешаги симои уро дар дилу дидаи дилбохтагон ва хаводоронаш зинда медорад.
Биё, то гул барафшонему май дар согар андозем, Фалакро сакф бишкофему тархи нав дарандозем. Агар гам лаккар ангезад, ки хуни ошикон резад, Ману соки ба хам созему бунёдаш барандозем. Чу дар даст аст руде худ, бизан мутриб, суруде хуш, Ки дастафшон газал хонему покубон сар андозем.
Шухрати ?а?онии ?офиз
Хофиз бузургтарин шоири газалсарои точик буда, дар таърихи адабиети форсу точик макоми баланд дорад. Осори Хофиз асрхо инчониб дар сарзамини Эрону ?индустон, Аф?онистон ва Осиёи Миёна шухрат пайдо карда, дар дили хазорон пайравону муштоконаш чой гирифтааст. Номи баланди Хофиз аз худуди ватани худ – Эрон гузашта дар тамоми дуне машхур шуд. Вай дар замоне, ки дар хаёти сиёси ва ичтимоии Эрону Мовароуннахр бисёр вокеа ва ходисахои ногувор руй медоданд умр ба сар бурда ва бо калами сехрангези худ хама беадолатию мардумфиреби, чахлу гурури табакахои хукумрони чамъиятро фош мекард, Ахамияти каломи шурангези Хофиз ва сирри шухрати шоири бузург дар ин аст, ки маъни ва мазмунхои баланди назари, панду хикматро бо суханхои ширин баён кардаву ба хар мавзуъ аз равзанаи ишк менигарад. Умуман Хофиз дар эчод намудани шеър монанди як наккоши мохир хар як маъниро бо рангхои зебо оро дода, маъни ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст. Аз ин чихат Хофиз хам монанди бисёр шоирони гузашта дар бораи шеъри худаш меболад.
Дар китобхонахои машхури дунё, нусхахои девони Хофиз дар катори пурарзиштарин осори инсоният махфузанд
Намунаи газалиёти Хофизи Шерози дар Хиндустон ва Арабистон, Туркия, Озарбойчон, Осиёи Миёна, Россия, Олмону Ингилистон ва гайра нашр ва тарчума гардидаанд. Бисёре аз шоирони газалсаро, чун К. Хучанди, Хилоли, Фузули, Навои, Чоми, ва гайрахо аз газалхои у илхом гирифта ва дар пайравии ашъори чахоншумулаш эчод кардаанд. Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Хофизро таклид карда, аз ашъори дилнишини у бахра ёфтанд. Ба хамин тарик, шухрати Хофиз аз доираи мамлакати худ берун баромада, ба тамоми Шарку Гарб пахн гардида, дар катори бузургтарин шоирони дуне макоми арчманде гирифтааст. Яъне Хофиз яке аз он шоиронест, ки хусусиятхои бисёр нозук ва латифи забони дари – порсиро медонист. Дар таракки ва хусну латофати ин забон хизматхои такдиршавандае кардааст, дар ашъори у садхо таркиб ва иборахои нав во мехурад.
Хофиз дар газалхои чонгудози худ пеш аз хама ишкро тараннум карда, онро чун ёдгори бемунтахои инсоният ба калам додаст. Осори Хофиз ба катори дастовардхои тамаддуни чахон дохил шудааст ва аз ин ру, хамчун яке аз бузургтарин шоири лириканависи беназир шухрати чахони дорад. Хофиз ва шахсияти ин сухансарои номи диккати бисёр бузургони чахонро ба худ чалб кардааст. Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези газалиёти Хофиз бахравар шудаанд ва дар ситоишу васфи каломи шурангези у таассуроти хешро баён кардаанд. Бузургтарин намояндаи адабиёти чахон? шоири немиси асри XIX Гёте андешахои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илхомбахш, пас аз ошнои пайдо карданаш бо эчодиёти Хофиз навиштааст: «Эй Хофиз , сухани ту хамчун абадият бузург аст , зеро онро огоз ва анчом нест . Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишот?, ки аз он хар лахза мавче аз паси мавчи дигар берун метароват».
Просмотр: 10289
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved