Дата: 2014-02-21
Ма?сад: ба дониш??ён фа?монидани мазмун ва мо?ияти фалсафаи маорифпарварии Фаронса ва кашфиёт?ои бузурги фалсафаи Олмон дар со?аи маърифат, диалектика ва материализм дар мисоли таълимоти И.Кант, Ф.Гегел ва М.Фейербах.
Маф?ум?ои асос?: маърифатпарвар?, энсиклопедия, манфиат???, ноумен, феномен, дониши априор? ва апостериор?, идеализми мутла?и объектив?, системаи Гегел, диалектикаи Гегел, р??и мутла?, ?амаманти?? (панлогизм), материализми антрополог?, ягонагии Ман ва Ту, хушбахтии шахс?.
На?ша
1. Фалсафаи маорифпарварии Фаронса
Фалсафаи асри XVIII-и Фаронса дар заминаи ташаккули муносибат?ои и?тимоии буржуаз? ба ву?уд омадааст. Дар ин давра муносибат?ои исте?солии капиталист? ташаккул ёфтанд. Муносибат?ои нави исте?сол? ва ?увва?ои нави исте?солкунанда бужуазияро ба тара??? додани илму фан водор мекарданд. Аз ин ?и?ат, вай ба фалсафа, ки асоси методологии инкишофи илм?ои дигар мебошад, э?тиё? дошт. Асоси илм?-табиии фалсафаи асри XVIII асосан механика, астрономия, математика буда, ?айр аз ин?о ба химия, биология, илми тиб ва геология низ такя мекард.
Фалсафаи фаронсав? як?оя бо комёби?ои табиатшиносии замон методи механистию метафизикии онро ?ам ?абул кард. Дар ин давра кимиёю биология ва дигар илм?ои табииёт ?ан?з дар ?олати ибтидоии ташаккул ?арор дошт. Фа?ат механика ва математика инкишоф ёфта буд, бинобар он ?онун?ои механикаро ба дара?аи ?онун?ои умум? бардошта, ?одиса?ои кимиёв?, биолог? ва ?айраро дар асоси принсип?ои он эзо? медоданд.
?а?онбинию а?ида?ои сиёсии файласуфони фаронсав? Волтер, Монтескё, Руссо, Кондорсе, Кондиляк, Ламетр?, Дидро, Гелветсий, Голбах хеле гуногун буданд. Фаъолияти ин мутафаккирон, ?атъи назар аз тафовут ва ихтилофи а?оиди фалсафию сиёсиашон як?оя ма?рои ягонаи ?аракати ?амъиятиеро, ки дар таърих бо номи маорифпарвар? ш??рат ёфтааст, ба ву?уд оварда буд. Маф?уми маорифпарвариро аввалин бор Волтер ва Гердер истифода кардаанд. Кант маорифпарвариро ?амчун давраи зарурии таърихии тара??иёти инсоният ме?исобид. Мо?ияти маорифпарвар? аз назари Кант истифодаи ?ама?онибаи илму хиради инсон? барои амал? кардани тара??иёти и?тимо? аст. Бо ро?и таълиму тар?иби илм, такмили пайвастаи ахло? метавон озод? ва тара??иёти ?амъиятро ба даст овард.
Ма?сади маорифпарвар? тан?иди идеологияи феодал?, таассуби дин?, тар?иби озодии эъти?од ва талаби озодии афкори илмию фалсаф? буд. ?алли ин вазифа?о ба фа?ми омма наздик кардани фалсафаро та?озо менамуд. Мувофи?и ин талабот маорифпарварон таълимоташонро ба забони содда дар шакли асар?ои ба омма фа?мо: ма?ола?ои мубо?исав?, памфлет?о, лу?атнома?о, саволу ?авоб баён мекарданд.
?амкории маорифпарварон фа?ат бо ба?су мубодилаи афкор ма?дуд намешуд. ?амкории он?о боиси э?оди Энсиклопедия (?омус) гардид. Ро?бар, му?аррир ва муаллифи ма?ола?ои зиёди он файласуфи аз ?ама боистеъдод Дидро буд. Вазифаи му?аррири ?исми илм?ои физикаю математикаро олими маш?ур Даламбер и?ро мекард.
?омус мебоист тамоми муваффа?ият?оеро, ки инсоният то ин р?з дар со?аи адабиёту санъат, илму фалсафа, техника, саноат ва исте?солот ва ?унарманд? ба даст оварда буд, фаро мегирифт. Ма?сади асосии он пеш аз ?ама тар?иби илму фар?анг ва маорифпарвар? буд. Файласуфони фаронсав? системаи томи таълимоти фалсафиро ба ву?уд оварданд, ки он масъала?ои му?имтарини онтолог?, гносеолог? ва сотсиологиро фаро мегирад. Ну?таи ибтидоии фалсафаи моддагароии фаронсав? эътирофи табиати беинти?ои абадию азал? мебошад.
Он?о дар назарияи маърифат умуман дар мав?еи ратсионализм истода, равияи эмпирист? (та?рибав?) ва сенсуалистии Бэкон, Гоббс ва Локкро инкишоф доданд. Мутафаккирони фаронсав? таълим медоданд, ки дар ?иссиёти инсон, хосият?ои объективии ашё акс меёбад, манбаи дониши ? э?сосот мебошад, ки он тавассути ба узв?ои ?ис таъсир расонидани олами беруна ?осил мешавад, идея симои чиз аст; агар ба узв?ои ?ис аз олами берун ягон таъсир нарасад, на э?сос ба ву?уд меояд, на идрок ва на идея?о.
Файласуфони фаронсав? аз мав?еи сенсуализми босуботи моддагаро? тан?иди назарияи идея?ои фитриро вусъат додаанд. Он?о исбот мекарданд, ки ?е? гуна идея?ои фитр? ву?уд надорад, ?амаи идея?о дар асоси ?амъбасти э?сосот ?осил мешавад.
Файласуфони фаронсав? сенсуализми моддагароиро барои фа?мидани ?одиса?ои ?амъият? истифода бурдаанд, он?о ом?хтани ?аёти и?тимоиро аз та??и?и табиати инсон сар кардаанд, зеро аз ну?таи назари метафизик?, ки он методи тафаккури он?о буд, ?амъият аз ма?м?и фард?о фаро?ам меояд. Дар ин асос он?о донистани мо?ияти инсонро калиди фа?мидани ?аёти ?амъият? мешумориданд.
Файласуфон майли манфиат??ии шахсиро омили муайянкунандаи тамоми рафтору афкори инсон, мабдаи мута?аррики ?аёти ?амъият мепиндоштанд. Ма?з манфиат таърихро ба ?аракат меоварад, мегуфтанд он?о.
Фалсафаи классикии Олмон аз зина?ои баланди фалсафаи ?а?ониест, ки бузургтарин намояндагони он Иммануил Кант, Фридрих Гегел ва Людвиг Фейербах мебошанд.
И.Кант (1724 - 1804) фалсафаро аз тан?ид о?оз кардааст. Вай дар ду китоб «На?ди хиради ноб» ва «На?ди хиради амал?» ба тан?иди усули фалсафаи пешина ва та?лили раванди маърифат пардохтааст. Фалсафаи Кант хулоса ва ан?оми давраи аввали фалсафаи тан?идист, ки он аз Френсис Бэкон о?оз гаштааст.
Кант бо ву?уди он ки худ а?лгаро мебошад, тан?идро аз хирад о?оз мекунад, шароити зарурии маърифат дар худи хирад гузошта шудааст, аз ин р? вай сарчашмаи маърифат аст. Вале Кант барои хирад ?адди муайяне таъин мекунад. М??тавои тан?иди фалсафаи хирад низ дар муайян намудани сар?ади маърифати инсон аст.
Кант дар фалсафа якчанд истило?от ва ма?улоти тозае ворид кард, ки му?имтарини он?о «чиз?ои дар худ» (ноумен) дар му?обили «падида» (феномен)-?о ва дониши априор? (тота?рибав?) ва «апостериор?» (баъди та?рибав?) мебошанд.
Ба а?идаи Кант мо оламро на он чунин, ки вай худ ба худ ?аст, балки он чунон ки вай ба мо худро зо?ир ва падидор мекунад, мешиносем.
Аммо мо?ияти олам барои мо чун «чиз?ои дар худ», «ноумен?о» п?шида аст. Барои дониш ва ?обилияти шинохти мо тан?о феномен?о-падида?ои ?а?он дастрасанд. Дар нати?аи таъсири «чиз?о дар худ» ба ?иссиёти мо хара?у мара?и э?сосот дар зе?н ба ву?уд меояд. Он чи коре, ки мо дар ?араёни маърифат мекунем, ба назм даровардани ин хара?у мара? аст.
Он ч? мо ?онуни табиат мешуморем дар во?еъ робитаест, ки тавассути хирад ба олами падида?о ворид карда шудааст, яъне а?ли мо ба табиат ?онун ворид мекунад, ?арчанд мисли Су?рот ? ин донишро фитр? намешуморад. ?амчунин Кант мисли Афлотун шинохти инсонро аз ин олам нокифояву но?ис, тан?о маърифати падида?о мешуморад, вале ноумен?ои Кант монанди асли идея?ои Гегел дар олами дигар ?арор надорад, балки р?яи торики ?амин оламанд.
Системаи фалсафии Кант асосан иборат аз назарияи маърифат, ахло? ва зебоишинос? мебошад.
И.Кант на тан?о файласуф, балки олими бузурги табиатшинос ва кай?оншинос буд. Фарзияи ? дар бораи аз таркиши азими газу ?убори аввалия ба ву?уд омадани олами кай?он, то ба имр?з яке аз асоситарин назарияи илм? ба шумор меравад.
Дар таърихи фалсафа, агар аввалин таълимоте, ки системаи томро ташкил ди?ад, фалсафаи Арасту бошад, дуюмин системаи муназзаму комил назарияи фалсафии Гегел мебошад. Маъруфтарин асар?ои Гегел (1770-1831) ин?оанд: «Падидашиносии р??», «Илми манти?», «Фар?анги илм?ои фалсаф?», «Фалсафаи ?у?у?», «Зебоишинос?», «Фалсафаи таърих», «Фалсафаи дин» ва ?айра.
?ав?ари фалсафаи Гегел мутла?гаро?, зе?нгароии мутла? (идеализми абсолютии объектив?) мебошад. Вай мег?яд, ки ?ама падида?ои таби? ва и?тимо? аз идеяи мутла? баромадааст, ки он айни мисол (идея)-и мутла?, а?ли кул, ё р??и олам аст. Ин идеяи мутла? фаъол аст ва фаъолияти ? шомили андеша ва шинохти худост.
Дар системаи фалсафии Гегел олам, андеша (фикр) ва фалсафа ба сурати хосе бо ?ам пайваст шуда, низоми муайяне ба ву?уд овардаанд. Мувофи?и системаи фалсафии Гегел идея (мисол), р??и мутла? дар сайри давра?ои худ се мар?ала?оро тай мекунад. Аввал, р??и мутла? аз ?олати му?арраде (яъне ?олате ки ву?уди айн? надорад), ки дар се сат?и манти? (?аст?, зот, сурати ма?ул) ?арор дорад, гузашта, баръакси худ ?олати айнии табииро дар фалсафаи табиат (механика, таби?, андоми органик?) мегирад ва пас аз он ба даври сеюм – фалсафаи р??и мутла? дохил мешавад ва баъди сайри ду мар?алаи он (р??и зе?н?, р??и айн?) ба мар?алаи сеюм – р??и мутла? дохил мегардад ва дар се мар?алаи он (дар санъат, дин ва фалсафа) р??и мутла? аз нав асли худро меёбад. ?амин тавр, р??и мутла? (идея) дар ?ар як ин се мар?ала: манти?, фалсафаи табиат ва фалсафаи р?? ?ар боре се мар?аларо тай намуда, дар охир ба асли худ мепайвандад.
Р??и мутла? дар ?исмати аввали системаи Гегел такомул дар нафси худро дорад ва дар манти?, зина?ои ?аст?, зот ва маъ?улро мепаймояд. Кори манти?и Гегел тавсифи р??и мутла? ё а?ли аввал аст, ки пеш аз олам ву?уд дошта, яъне ба он гуна ки дар ?а?и?ати хеш пеш аз худнамо?, ё та?аллии хори?? мав?уд аст. Вале р??е, ки дар манти?и Гегел тавсиф шуда, р??и комилан му?аррад аст, яъне ву?уди айн? надорад ва ?ан?з пайдо нест. Дар табиат ин р??и му?аррад ба зидди худ, ки чизи хори?? ва бе р?? ва бе хирад аст, бадал мешавад. Акнун дар фалсафаи р??, шо?иди бозгашти р??и мутла? ба асли худ ?астем, он чи дар баробари мост дигар бе р?? нест, балки боз ба таври ?атъ?, худи р?? аст. Вале дигар хосияти та?рид? надорад, балки р??и зинда ва мушаххаси инсон аст, р?? ё хирад аст дар ?оли тазо?ур, р?? аст, ки аз ?оли имкон ба мартабаи фаъолият ё ву?уд даромадааст.
Му?имтарин дастоварди Гегел дар ин система таълимоти диалектика (илми ?адал) мебошад. Такомулу инкишоф аз тари?и зиддият?ои дохил?, асоси фалсафаи ?ро ташкил меди?анд.
Системаи гегел? ?амаманти?? (панлогизм) мебошад. Ин чунин маън? дорад, ки Гегел бур?они манти?ии диалектикаи худро бар асоси формулаи «тезис» (барни?од), антитезис (барбарни?од) ва синтез (?амни?од) баён кардааст, ки дар манти? ба ин фарз о?оз мешавад. Мутла? ?астии ноб, яъне мо фа?ат ?оил мешавем, ки мутла? ?аст (тезис), ба он ки сифати (кайфияте - атрибуте) ба вай нисбат ди?ем. Аммо ?астии мутла? бе ?е? таъиноту сифате ?амон нест? аст, пас ба ?амон антитезис мерасем «?аст? нест» аз ин тезис ва антитезис ба синтез мерасем: итти?оди ?аст? ва нест? шудан (ё гардидан) аст, аз ин р? мег?ем «мутла? шудан аст».
Системаи фалсафии мусаллас (секун?а)-и Гегел ?айр аз он чи мо дар боло зикр кардем, боз ?ар кадом ?узъи мусалласи баъд? боз се даври мусалласи дигарро дорад.
Людвиг Фейербах (1804-1872) охирин намояндаи бар?астаи фалсафаи классикии Олмон аст. Асар?ои асосии Фейербах «Доир ба тан?иди фалсафаи Гегел», «Мо?ияти асосии дини масе??», «Асос?ои фалсафаи оянда» ва ?айра аст. Фалсафаи Фейербах бо номи моддагароии инсоншинос? (материализми антрополог?) маш?ур аст. Мутафаккир дар ?усту??и ?ав?аре буд, ки он дорои ?ам мабдаи ?исмон? ва ?ам мабдаи р??? бошад, то ки барои ?алли масъалаи асосии фалсафа ро?и осон ва дуруст ёфт шавад. Дар назари Фейербах ?амин гуна ву?уд инсон буду бас. Ну?таи асосии таълимоти Фейербах ву?уди биолог? ва фарди му?аррад пиндоштани инсон мебошад. Фейербах тамоми комёби?ои материализми пешина (абадияти олам, ?аракат, ва?т ва фазо, ягонагии олам, ягонагии материяю ?аракат ва амсоли он?о)-ро ?абул карда, худаш як ?атор фикр?ои ни?оят му?имро баён кардааст, ки он?о дар инкишофи минбаъдаи материализм, на?ши ни?оят бузург бозидааст.
Таълимоти Фейербах ба та?лили масъала?ои ахло? аз ягонагии Ман ва Ту о?оз меёбад. Фейербах ба ?ои системаи муносибат?ои ?амъият? маф?уми авлод ва муоширати байни афродиро истифода кардааст. К?шиш барои ба даст овардани саодат ?увваи асосии ?аракатди?андаи ирода, боиси ба ву?уд омадани ?арзи маънав? (ахло??) мегардад. Зеро, ки Ман бидуни Ту умуман на ву?уд дошта ва на саодатманд шуда метавонад. К?шиш барои касби хушбахтии шахс? аз чорч?баи худпараст? боло рафта, берун аз итти?оду ва?дати одамон имконнопазир аст. Ин андеша?ои ахло?ию и?тимоии Фейербах дорои хусусияти гуманист? ва демократ? буда, а?амияти калони илмию амал? дошт. Баробари комёби?о таълимоти Фейербах аз камбудию ма?дуддият?ои таърих? хол? набуд. Аз ?умлаи он?о ин аст, ки мутафаккир системаи таълимоти Гегелро тан?ид карда, вале методи пеш?адами ?, диалектикаро арзёб? карда натавонист. Дигар ин ки ба таълимоти Фейербах табиати механист? ва таърихфа?мии идеалист? хос буд.
Инак, фалсафаи классикии Олмон комёбии бузурги фалсафаи ?а?он? буда, аз сарчашма?ои му?ими таълимоти давра?ои минбаъда, хоса фалсафаи марксист? гаштааст.
Просмотр: 10783
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved