Дата: 2016-05-05
Давраи хаёти воситаи барномавй (Software life cycle) тамоми даври коркард ва истифодаи он, аз лахзаи пайдошавии гояи воситаи барномавй ва ба охиррасии хама гуна истифодаи онро меноманд. Давраи хаёти раванди мураккаби коркард ва истифодаи (Software process) воситаи барномавиро дар бар мегирад. Ин раванд бо тарз?ои гуногун барои синф?ои гуногуни воситаи барномавй ва вобаста ба махсусияти хайати истехсолкунандагон ташкил карда мешавад.
Дар замони ?озира 5 муносибат?ои асосии раванди сохтан ва истифодаи воситаи барномавиро чудо намудан мумкин аст.
•Муносибати шаршаравй. Хднгоми чунин муносибат, коркарди воситаи барномавй аз силсиладавра?о иборат аст. Дар хар як давра хуччат?о тартиб дода мешавад, ки дар зинаи навбати истифода карда мешавад. Дар хуччати нахустин талабот ба воситаи барномавй кайд карда мешавад. Дар анчоми ин силсила барнома?ои ба воситаи барномавй дохилшаванда сохта мешаванд.
•Муносибати барномасозии тадкикотй. Ин муносибат истифодаи тези нусха?ои кории барнома?ои воситаи барномавиро, дар назар дорад, ки дар наздик омадани якум ба вазифаи талабкардашуда ичро карда мешаваду халос. Пас аз истифодаи тачрибавй барнома, онро ба ма?сади боз хам самаранок намудан барои истифодабарандагон такмил дода мешавад. Ин раванд то он вакте такрор меёбад, ки воситаи барномавй барои истифодабаранда муносиб гардад. Чунин муносибат дар давра?ои аввали инкишофи барномасозй, вакте ки ба технологияи барномасозй то андозае эътибор намедоданд, истифода карда мешуд. Доло ин муносибат барои коркарди чунин восита?ои барномавй истифода карда мешавад, ки барояшон истифодабарандагон талаботро аник гузошта наметавонанд (масъалан, барои коркарди система?ои фикрии гайритабий).
•Муносибати тамсилй (ионамдй). Ин муносибат намунаи мархилаи аввалаи муносибати барномасозии тадкикотиро то тартиб додани нусхаи кории барнома, ки барои гузаронидани тадкикот, бо ма?сади муайян намудани талабот ба воситаи барнома мебошад, тачассум мекунад. Дар оянда бояд коркарди воситаи барномавй бо талаботи муайянкарда дар колаби ягон муносибати дигар (мисол, шаршаравй), давом дода шавад.
•Муносибат табдилдихии расмй. Ин муносибат коркарди расмии хусусият?ои воситаи барномавй ва табдилёбии он?о ба барнома, бо рохи табдилдихии муайянро дар бар мегирад. Ба ин муносибат технологияи компютерии (технологияи CASE) коркарди воситаи барномавй асос меёбад.
•Муносибати барномасозии васлкунй. Ин муносибат, дар назардошти он, ки воситаи барномавй аз кисм?ое, ки алакай мавчуд аст, тартиб дода мешавад. Бояд ягон хазинаи (библиотекаи) кисм?о мавчуд бошад, ки аз хар кадомашон якчанд маротиба дар восита?ои барномавии гуногун истифода кардан мумкин бошад. Чунин кисм?оро кисм?ои такрор истифодашаванда меноманд. (reusable). Раванди коркарди воситаи барномавй дар ин муносибат, аз кисм?о чамоварии барнома мебошад.
Аксар вакт муносибати шаршаравии коркарди воситаи барномавй истифода карда мешавад, ки он чунин сабаб?о дорад:
Якум барои он, ки дар ин муносибат, истифодаи аксарн раванд?ои барномасозии мухандисй лозим меояд.
Дуюм барои он, ки дар колаби ин муносибат аксари система?ои барномавии калон сохта мешаванд.
Айнан хамин муносибат ба сифати муносибати саноатии коркарди таъминоти барномавй дида баромада мешавад.
Барномасозии тадкикотй ба барномасозй чун ба санъат назар карданро асос медихад. Ин муносибат, факат он вакт ба кор бурда мешавад, ки муносибати шаршаравиро истифода намудан гайри имкон аст, аз он сабаб, ки аник ифода намудани талабот ба воситаи барномавй, имкон надорад.
Муносибати тамсилй, чун муносибати ёрирасон дар колаби дигар муносибат?о, асосан барои аник намудани талабот ба воситаи барномавй. дида мешавад.
Дар колаби муносибати шаршаравй чунин мархила?ои давраи хаёти воситаи барномавиро чудо мекунанд (Рас. 1): Коркарди воситаи барномавй. истехсоли махсулоти барномавй ва истифодаи воситаи барномавй. Мархилаи коркарди (development) воситаи барномавй аз зина?ои навишти беруни он, зинаи сохтани воситаи барномавй, зинаи кодгузорй (ба маънои кутох барномасозй) ва зинаи
аттестатсияи воситаи барномавй иборат аст. Ба хаммаи ин зина?о раванди хуччатгузорй ва идоракунии хамрохи (maintenance) воситаи барномавй — ин раванди гун намудани маълумот оиди сифати воситаи барномавй дар истифодабарй, бартараф намудани хатоги?ои дар он ошкоршуда ва такмилдихй, ипчунин огохкунии истифодабарандагон оиди тагирот?ои ба он дохилкардашуда мебошад.
Просмотр: 1823
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved