Дата: 2016-05-05
Объекти омӯзиши фани таълимии логистика он анбӯҳҳои материалӣ ва равандҳои ба он вобастаи иттлоотию молиявӣ мебошад. Зарурати дар таҷрибаи истеҳсоли истифода шудани ин фан аз ониборат аст, ки фосилаи байни хариди ашёи ҳом ва дастрас шудани мол ба истеъмолгари охирон муддати хело зиёдро дар бар мегирад ва зарурати ҳарчи камтарин намудани фосила ба миён меояд. Логистика имконият медиҳад ки захираҳои молӣ камтар карда шавад, ва ҳатто дар баъзе мавридҳ корҳона бе захираи ашёи ҳом фаъолият кунад. Ин имконият медиҳад ки мӯҳлати интиқоли мол ба тариқи назаррас кам карда шавад ва мӯҳлати дастрасшавии мол ва расидани иттлоотҳо оиди мол тезонида, сатҳи сервиси логистики баланд бардошта шавад.
Нуқтаи назари логистикӣ яке аз қисматҳои таркиби стратегияи корҳона буда, он имконият медиҳад, ки обрӯ ва эътибори корҳона баланд шавад, нисбати харидорони молаш ғамҳори бештар зоҳир гардад.
Логистика соҳаи фаъолияте мебошад, ки ҳарчи бештар зарурати амалӣ пайдо мекунад. Аз ин рӯ ба он ҳам сектори давлатӣ ва ҳам сектори хусусии иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардонад. Дар қабули қарордоҳои логистикӣ истеҳсолгарон мол иштирок мекунад.Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи логистика дар он аст, ки вай на фақат ба ҳамҷоякунии (интегратсияи) шаклҳои фаъолият, ки одатан ба функсияҳои гуногуни соҳибкорӣ тааллуқ доштаанд диққати махсус медиҳад, балки ҳамаи онҳоро ба иттиҳод меоварад. Масалан, дар бисёр корҳонаҳо масъулиятро оиди захираҳо ва интиқоли онҳо функсияи истеҳсоли ва тақсимоти ба дӯш доранд. Агар ин функсияҳо аз ҳамдигар ҷудо бошанд, он гоҳ қабули қарордод дар зерсистемаи захираҳо бе назардошти имкониятҳои нақлиётӣ ба амал меоянд, ки он ба зиёдшавии харҷҳои умумии интиқоли анбӯҳи маводӣ оварда мерасонад. Дар логистика бошад, ҳамаи онҳо ба ҳам алоқаманду ҳаллу фасл карда мешаванд.
Ҷадвали 1.1.
Масъалаҳои асосии логистика ва ҳалли онҳо дар секторҳои хусусӣ ва давлатии иқтисодиёти мамлакат
Субъектҳои логистикӣ | Сектори хусусӣ |
Сектори давлатӣ |
|
Идораи захираҳо, нархгузорӣ, интиқол ба воситаи нақлиёти худӣ ё кироя, тарзбандии истеҳсолот ҷоқгиркунии корҳонаҳо |
Таъмин намудани штат бо кадрҳо; интиқол ба воситаи нақлиёти худӣ ва кироя, ҳадамоти пешниҳодшуда ҷойгиркунии корҳонаҳо |
|
Тартиб додани хатҳои сафари нақлиёт, сатҳи хизматрасонӣ, нархҳо, шакли паркҳои нақлиётӣ |
Ҳамаи онҳо |
|
Нархгузорӣ (андозгузорӣ), инфраструктура ва хизматрасонии он |
Сатҳи ёрдамҳои молиявӣ хизматрасонӣ, инфраструктура, |
Ҷадвали 1.2.
Таркиби системаҳои логистикӣ ва омилҳои муайянкунандаи он
Баъзе аз элементҳои системаҳои логистикӣ |
Омилҳои муайянкунандаи системаҳои логистикӣ |
|
Ҷойгиркунӣ ва миқдори воҳидҳои истеҳсолӣ бояд бо назардошти таҳвилгари мол, харҷҳои нақлиётӣ ва миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда ба ҷо оварда шаванд. |
|
Анборҳо бевосита дар корҳона ва ё дар марказҳои ғуншавии молҳо, коркарди молҳо ва мавзеъҳои мобайни ҷойгир карда мешаванд. |
|
Шабакаи нақлиётӣ бояд модели ҳаракати муносиби воситаҳои нақлиётро барои ҳар як варианти интиқоли мол таъмин созад. |
|
Барои фаъолияти фоиданокии ҳамаи қисматҳои системаи логистикӣ бояд дар байни ҳамаи онҳо алоқаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои назоратию нақлиётӣ барқарор бошанд. |
|
Бояд алоқат иттилоотии мустаҳкам барқарор бошад, ки бо ин мақсад аз компютерҳо истифода |
Просмотр: 1846
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved