DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Мохияти мушоидаи омори. Ташкили мушохидаи омории давлати.

Дата: 2016-04-22

Тавре дар боби якум қайд кардем, маҷмўи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ сершакл ва гуногунхел мебошанд. Татқиқоти омории маҷмўи ҳодисаҳо, яъне объекти омўзиш зарурияти ҷамъоварии маълумотҳоро доир ба он барои як лаҳзаи муайяни вақт (санаи муайян) ё ин ки натиҷаи инкишофи онро дар давраи муайяни вақт талаб менамояд.
Албатта, ҷамъоварии на ҳамагуна маълумотҳо доир ба ҳодиса мушоҳидаи оморӣ номида мешавад. Масалан, донистани болоравии нархи як намуди мол дар бозори истеъмолӣ, маънои пурраи сатҳи инфлятсия (беқурбшавии пул)-ро надорад. Агар бо ҳисоби миёна нархи ҳамаи намуди молҳо дар макон ва замони муайяни конкретӣ муқаррар карда шавад, он гоҳ метавон доир ба сатҳи инфлятсия сухан ронд.
Ҷамъоварии мураттаби маълумотҳо доир ба ҳодисаҳои ҷамъиятӣ бо таври мунтазам ва аз нигоҳи илми амиқ асоснок карда шударо бо мақсади тавсифи умумии онҳо, мушоҳидаи оморӣ номида мешавад. Ҷамъоварии маълумотҳо бо роҳи пешакӣ аз рўи аломатҳои муҳими қайдкардашудаи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ оғоз карда мешавад. Масалан, ҳангоми гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ шахсони махсуси масъул бо супоришоти мақомотҳои оморӣ маълумотҳоро доир ба синну сол, ҷинс, миллат, маълумотнокӣ, вазъи иҷтимоӣ ва ғайраи ҳар сокини мамлакат ҷамъоварӣ менамоянд. Ҳамаи маълумотҳои ҷамъовардашуда ҷамъбаст карда мешаванд ва дар натиҷа шумораи умумии аҳолӣ, таркиби он аз рўи аломатҳои ҷинс, синну сол, ҷойгиршавии онҳо ва ғайра муайян карда мешаванд.
Дар раванди (протсесси) мушоҳидаи оморӣ маводи аввалияи оморӣ, яъне маълумотҳои оморӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд ва онҳо баъдтар ҷамъбаст, коркард ва таҳлил карда шуда шарҳ дода мешаванд. Бояд қайд намоем, ки аз сифати мушоҳидаи омории гузаронидашуда тамоми раванди (протсесси) татқиқоти оморӣ вобаста аст. Бинобар он, мушоҳидаи омориро метавон чунон ташкил кард, ки дар натиҷаи амалигардонии он бояд маълумотҳои объективӣ аниқ доир ба ҳодисаи омўхташаванда дастрас карда шаванд. Маълумотҳои нопурра, ғайри саҳеҳ ва номукаммали тавсифкунандаи раванд (протсесси)-и обекти татқиқшаванда ҷамъоварӣ карда шаванд, он гоҳ аз рўи таҳлили гузаронидашуда хулосаҳои нодуруст бароварда мешаванд. Аз ин ҳотир, маълумотҳои ҷамовари шаванда бояд ба ду талаботи асосӣ-эътиборнокӣ ва муқоисашавандагӣ (қиёспазирӣ) ҷавбгўй бошанд.
Эътиборнокӣ - ин мувофиқатии маълумоти ҷамъовардашуда бо раванди (протсесси) аслии объекти омўхташаванда аст. Аз ин рў, ҳамаи методика, ташкил ва техникаи гузаронидани мушоҳидаи оморӣ бояд барои таъмини эътиборнокии маълумотҳо нигаронида шуда бошанд. Ба ибораи дигар, шарти умумии таъмини эътиборнокӣ ин фарогирии пурраи объект, мукамалӣ ва яқинии (аниқии) қайди маълумотҳо доир ба ҳар як воҳиди мушоҳида аст. Барои он ки маълумотҳо доир ба ҳодисаҳои алоҳида ҷамъбаст карда шаванд, онҳо бояд ба якдигар қиёспазир (муқоисашаванда) бошанд. Қиёспазирии маълумотҳои мушоҳидаҳои мухталиф дар он вақт ба даст оварда мешавад, ки истифодаи ҳамон як воҳиди муайяни мушоҳида, методикаи бақайдгирии аломатҳои аввалия ва тарзҳои ҳисобкунии аломатҳои дуюмин, аз қабили сатҳи ҳосилнокии меҳнат, сатҳи даромадноӣ ва ғайра иҷро карда шаванд. Шарти муҳими қиёспазирӣ ин нигоҳ доштани вақти гузаронидани мушоҳида давра (фосила) ва лаҳзаи қайдкунии маълумотҳо мебошад. Масалан, шумораи донишҷўёни донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар аввали соли ҳониш ва ғайра.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии расмии оморро мақомоти омори давлатӣ дар асоси мушоҳидаҳои омории давлатӣ амалӣ мегардонад. Мушоҳидаҳои омори давлати ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ шуда метавонанд.
Ба мушоҳидаҳои омории давлатии ҷумҳуриявӣ мушоҳидаҳои омории равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки мақомоти омори давлатии ҷумҳурӣ мутобиқи барномаи корҳои оморӣ анҷом медиҳанд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол тасдиқ мекунад, мансубанд. Ба мушоҳидаҳои омории минтақавӣ мушоҳидаҳои омории равандҳои иҷтимоӣ-қтисодӣ, мақомоти маҳаллии омори давлатӣ амали менамоянд, мансуб мебошанд.

Просмотр: 2295

Категории

Ҷомеашиносӣ (Сотсиология)
Ҳуқуқи инсон
Қонунҳо
ҚИССАҲО
Этика ва Эстетика
Энергетика
Экология
Шоирон
Шеърҳо
Фарҳангшиносӣ
Фалсафа
Туризм
Тиҷорати Электронӣ
Тиҷорат (Коммерция)
Таърих
Табрикнома
Суғурта
Системаи иттилоотӣ
Сиёсатшиносӣ
РУШДИ ИНСОНӢ
Психология
Омор (статистика)
Нархгузорӣ
Намунаи ҳуҷҷатҳо
Молшиносӣ
Молия ва қарз
Менеҷмент
Математика
Маркетинг
Маркази Миллии Тести
Макроиқтисод
Логистика
Либос
Консепсияҳои табиатшиносии муосир
Кимиё (Химия)
Иқтисодиёт
Информатика
Идеология
Забони тоҷикӣ
Диншиносӣ
Демография
Дандонпизишкӣ (Стоматология)
Гумрук
География
Бонк
БМ ва дониш
БиоХимия
Биология
Биогеография
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Асосҳои соҳибкорӣ
Андоз ва андозбандӣ
web -дизайн
VBA- барои 2003
PHP ва MySQL

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved