Дата: 2016-04-22
То бархам додани бонки са?омию тичорати, Бонки милли (маркази) чора?ои заруриро оид ба ислох кардани фаъолияти ин бонк ё ташкилоти молиявии гайрибонки меандешад. Яке аз ин чорачуи?о таъин намудани маъмурияти муваккатй (мудири муваккати) аст. Мудири муваккати барои идора намудани бонк ва ихтиёрдории амволи он дар сурати мавчуд будани як ё якчанд ?олат?ои зерин таъин карда мешавад:
Дар ?олате, ки бонк гайри кобили пардохт бошад, яъне бонк аз ухдаи ичрои талаботи амонатгузорон ё пардохти ухдадори?ои худ баромада натавонад, арзиши пассив?ои он аз арзиши актив?ояш зиёд бошад;
Бонк ба таври дигар, дар ?олат?ои хатарнок ё гайри муътадил карор дорад.
Ба мудири муваккати хамаи ваколат?о, аз чумла нисбати актив?ои он, ки раиси бонк ва мудирон доранд, дода мешавад ва хамаи ваколат?ои он?о худ аз худ боз дошта шуда, ба тартиби мукарраркардаи Конун ба мудири муваккати дода мешавад.
Мудири муваккати баъди таъин шуданаш фавран бояд чунин тадбир?о андешад:
а) дар хамаи уток?ои кории бонк оид ба мукаррар шудани маъмурияти муваккати бо зикри таърих ва вакти таъин шудани ин маъмурият эълон?о овезад;
б) хамин гуна эълон?оро дар махалли мавчудияти бонк бо воситаи ахбор ё дигар навъи му?обирот ба иттилои муштариёни бонк расонад:
в) ба Бонки милли (маркази) аз ичрои ин кор?о дар мухлати се руз хабар дихад.
Баъд аз анчоми ин кор?о мудири муваккати оид ба идора кардани бонк чанд кори дигарро низ бояд ба анчом расонад, яъне баъзе аз рохбарони бонк ё кормандони онро аз кори бонк барканор созад. Хамаи кулф?оро иваз намояд, коди компютер?оро тагйир дихад ва дигар кор?ои заруриро барои бемамониат ичро намудани вазифааш анчом дихад.
Мудири муваккати баъди таъин шуданаш дар давоми панч руз оид ба вазъи молияви ва пешомади бонк ба Раёсати Бонки милли (маркази) хисоботи хатти пешни?од мекунад. Дар рафти тахдили пешомади бонк мудири муваккати тавозун?ои (баланс?ои) намунави тайёр намуда, руйхати норасои?ои мавчударо тартиб медих.ад.
Баъди гирифтани хисоботи мудири муваккати Раёсати Бонки милли (маркази) яке аз карор?ои зеринро кабул мекунад:
а) агар хисоботи мудири муваккати боз?онда гирифтани ичозатномаи (литсензияи) бонкиро тавсия кунад, Бонки милли (маркази) ичозатномаи бонкиро боз?онда мегирад, мудири бархамдихии бонкро таъин мекунад ва дар бораи бархамдихии бонк амр медихад;
б) агар хисоботи мудири муваккати накшаи баркарор кардан ё дигаргунсозии сохтори бонкро талаб кунад, мувофики тартиботи муайяншуда Бонки милли (маркази) ё накшаи пешни?одшударо рад карда, сабаб?ои бад шудани онро нишон медихад ва ё накшаи пешни?одшударо бо тагйироту илова?о аз руи салохдиди Раёсат тасдик мекунад ва ба мудири муваккати ичро намудани накшаро супориш медихад.
Агар Раёсати Бонки милли (маркази) ба бархамдихии бонк амр дихад, мудири бархамдихи таъин мекунад. Мудири бархамдихи:
1. Баъди таъин шуданаш якбора вориси хамаи хукук?ои мудири муваккати мешавад ва хамаи амалиёти бонкиро катъ мекунад;
2. Хамаи чора?ои заруриро барои ошкор кардани тамоми актив?о ва амволи бонк меандешад.
Ин гуна чорабини?о ин?оянд:
а) тахияи руйхати актив?о ва амволи бонк, ки кобили бархамдихи мебошанд ва тайёр намудани нусха?ои чунин руйхат барои шинос намудани ахли чамъият;
б) баъди як муддати муайяни шинос шудани ахли чамъият бо ин руйхат, ба фуруш ва ё таксимоти актив?о ва амволи бонк шуруъ мекунад;
в) ба хар муштари, ки моликияти вай дар ихтиёри бонк карор дорад, барои баргардонида гирифтани он хабар медихад ва талаботи он?оро мувофики дастуруламал?ои мавчуда конеъ мегардонад ва гайра.
Мудири бархамдихи, дар давоми се хафта пай дар пай дар рузнома?ои ба хамаи махал?ои а?олинишин пахншаванда, ки дар он чо шуъба?ои бонк амал мекарданд, дар бораи бархамдихии бонк огахинома чоп мекунад. Баъд аз он тартиб ва навбати пардохти талаботи муштариёни бонкро омода сохта, аз хисоби захира?о ва фуруши амволи бонк талаботи муштариёнро конеъ мегардонад.
Просмотр: 2463
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved