Дата: 2016-03-05
Накша.
1. Раванди геодинамики омили асосии таъсиркунанда ба мухити
зист.
2. Техногенез тагйирдихандаи мухити таби?.
3. Тагйирёбии мухити табии ва омилихои ба он таъсиркунанда.
Мухимтарин раванди геодинамики, ки ба холати мухити табии таъсир мекунад сарчашмаи худро аз таъсири фаъолияти инсон ва холати табии огоз менамояд.
Раванди мазкурро як катор олимон ба ду гурух чудо мекунанд.
1. Раванди эндогнеи - неотектоника, эпейрогнени, сейсмики.
2. Раванди экзогени - раванду ходисахое, ки дар сатхи замин ба амал меоянд – шусташави, лаг?иш, сел, эрозия, дефлятсия.
Дар навбати худ ин равандхо ва ходисахо ба фаъолияти инсон низ вобаста буда ба чунин категорияхо чудо карда мешавад.
1. Раванд ва ходисахои табии техногени.
2. Раванд ва ходисахои техногению геологи (табии).
Ин категорияхои муосири геологи бо хамдигар алокамандии том дошта , ахамияти хама чонибаи хочагиро дар бар мегирад, аз ин лихоз як катор олимон оид ба ин категорияхо фаъолияти илмии худро асоснок намудаанд.
Олим Л.М. Граве (1986) оид ба таснифи равандхои табии - техногени дар зонаи канали Кайраккуми Туркменистон маводхои илмии худро пешниход намуда кайд намудааст , ки ин зонаи мазкур ба категорияи аввал дохил карда мешавад,зеро фаъолияти инсон бевосита ба холати табии таъсир намуда равандхои экзогениро метезонад .
Олим П .А. Мухамадиев (1983, 1985) оид ба масъалахои хифзи мухити табии дар комплекси истехсолии территориявии Чанубии Точик санчишу бахогузори намуда, мушкилоти эрозияи ирригатсиони, инкишофи чари, раванди шусташавиро дар водии Ёвон эзох дод .
Олимон А .А. Садриддинов ва М. Р. Якутилов (1980) оид ба окилона истифодабарии конхои материали сохтмон, окибати таъсири раванди техногени дар мухити табии мушаххас маводхои илмиро асоснок кардааст.
Ирригатсияи техногени, дарачаи эрозия ва чорабинихои зидди эрозия масъалахои халталабу бахсталаб аст, ки сарчашмаи асосии он ин ду категорияхо ба шумор меравад. Аз ин руй Ф.В. Котлов раванду ходисахои муосирро омухта чунин кайд мекунад , ки он тагйиротхое , ки дар марзи табии ба амал меояд, соф табии ё соф техногени шуда наметавонад ва чунин шуморидан низ хато аст, зеро онхо бо хам таваъманданд , бинобар хамин ба як категория раванду ходисахои табии - техногениро хамчоя намудан ва омухтан кобили кабул аст.
Инкишофи техногенез дар дах соли охир хеле ба авчи худ расид ,ин инкишоф асосан марзхои аз боигарихои зеризамини бой буда марзхоро дар бар гирифт. Масалан; корхои мухандисию геологи дар зонаи истехсоли коргошим, мис,рух дар Адрасмон, гурухи боигарихои зери заминии Замбарак, Таре- Экан,Конимансур,Чукурдчилга бо дарачаи муайян аз тарафи инсон назорат карда мешавад, лекин бовучуди он дефарматсияи сатхи замин, бавучуд омадани воронкахо,чукурихоикалон – котлавинахо дар назар аст
Марзи дигаре, ки инкишофи техногенез дар авч аст ин кони намаки Камишкургон, ки дар шимолу шаркии Супетау чойгир аст . Ин тахшони чамъшавии давраи миосен буда аз даврахои хеле кадим истехсол ва истифода карда мешвад. Талаботи саноатиро як кабати муайян конеъ мегардонад, ки он аз якчанд км. иборат буда то 500 м. чукуриро дар бар мегирад. Солее 21- 25 хазор тонна намак истехсол карда мешавад. Захираи умумии он аз руи категорияи саноати 955 млн. т . ташкил медихад.
Инчунин инкишофи техногенез хангоми сохтани шахр, рох, пунктхои ахолинишин ва манъбахои ба он зарури, корхои гт протехники, иншоотхои обанбори, кулу чуйбор, обектхои зидди эрозиони суръат мегирад. Холо дар Точикистони Шимоли 9 - шахр, 27 - поселкаи типпи шахри , 92 - пункти ахолинишин, ки 1985 хаз. нафар ахолии зинданги дорад ба кайд гирифта шудааст аз ин шахрхо ва пунктхои ахолии нишин аз руи фаъолияти мухандисию - геологи дар террасаи дарёи Сир 9, дар марзхои назди кухи ва хамворихои он 8, дар бузургтарин конус ва винусхо 9, 10 водихои назди кухи , ки дар баландихои аз 340 м то 1750 м пунктхои ахолинишин дорад дар водихои селроха чойгир шуда хатари зиёди офати табииро дорад.
Таъсири инсон ба мухити табии ба ду рох ба амал меояд .
2 Чойгирии релефи нохамвор.
Дар шахрхои бузурги Точикистони Шимоли Хучанд, Кайраккум, Конибодом, Исфара консентратсияи таъсири техносфера ба мухити табии дида мешавад, ки боиси инкишофи ходисахои табии шуда, ба фаъолияти хочагии халк зарар меоварад.
Афзудани марзхои сейсмики ба сохаи сохтмон, рохсози таъсири худро дорад,ки ин холатро дар шахрхои Хучанд, Кайраккум, Конибодом, Исфара мушохида кардан мумкин,( зилзилаи соли 1986 дар Кайроккум- Куптуллук )
Сохтани рох - ин ба категорияи релефи махал вобаста буда, раванди интенсивии он хангоми муайян кардани боигарихои зери замини, хати рох ба амал меояд ,ки ин боиси афзудани нохамвори, фаромадани сангреза ва тарма , эрозияи хоку об мегардад. Ин холатро дар рохи Хучанд - Душанбе хеле аён дидан мумкин аст ва сабаби асосии ин холат агар аз як тараф таъсири антропогени бошад, аз тарафи дигар нишебии роскунча 40 -50* доштани марз аст , ки солее 18 -25 см . раванди шусташави ба амал меояд . Шусташави, кандашави дар агбахо зиёдтар ба амал омада рохи автомобилгардро фаро мегирад сабаби ин ходиса асосан инкишофи техногенез аст . Чунин холатро дар нишебихои шимолии каторкуххои Хисор дидан мумкин, зеро ба шохобхои дарёхо чинсхои сахти кухи хамрох гардида баланси обиро вайрон мекунад, ки сабаби афзудани раванди эрозиони - аккумулятиви мегардад .
Дар раванди табии техногени обамборихо роли мухимро мебозад, ки онро асосан дар Точикистони Шимоли хамчун манбаи ирригасия ва энергетика истифода мебаранд, лекин обанборхое мавчуданд, ки оби он харакат накарда бо илхо - лойкахо банд аст ва он вобастаи оби дигар обанбор аст ( обанбори Фарход ).
Дигар мушкилоти геоэкологи ин сохтани обанборхо аст, ки асосан ба зонаи нимбиёбон рост омада маркази зонаи сейсмикиро дар бар мегирад ва яке аз омилхои асосии тагийрдихандаи раванди геодинамики муоср ба хисоб меравад. Дар натичаи хамрхкунии интесивии об аз обанборхо, дарёхо ва сойхо формахои релефи техногени ба амал меояд, ки онхо аз чихати пайдоиш, хусусияти морфометрии, ба формахои релеф бо мусби ва манфи таъсиркуни аз хамдигар ба кули фарк мекунанд .
Яке аз омилхои инкишофи раванди табии техногени - эрозияи шамол ба хисоб меравад, зеро он дар массивхои Зафаробод, Дилварзин, Сомгор, Ашт хеле фаъол буда бинобар хамин хам хамчун омили харакаткунанда ба хисоб меравад, зеро суръати шамол 15- 24 м\с буда доимо аз шарк ба гарб характ мекунад .
Чорабини оид ба пешгирии ин раванд аз соли 1970 ин чониб ба рох монда шуда, як чанд чорабинихо ба инобат гирифта шудааст. Ба гурухи ин чорабинихо шинондани дарахт ё худ бунёд намудани «хатхои чангали » дар Зафаробод, Гончи, Истаравшан ва нохияхои дар боло кайд гашта ба накша гирифта шудааст, ки дигар мушкилихои зиёро низ дар бар мегирад (норасогии об, маърифати нокифояи экологи)
Эрозияи хок ин раванд дар асоси таъсири об, шамол ба амал меояд хангоми дуруст ба рох мондани корхои агротехники, чангалию мелиоративи, ки бо назардошти хусусияти иклим садди ин раванд гаштан мумкин ва боиси даромади накди соф низ ба даст меояд.
Чарогох ва таъсири табии техногени ба он.
Заминдори яке аз куввахои геологи аст, ки мухити табииро дигаргун мекунад ва дар натичаи таъсири инсон ин дигаргункуни авчи худро меёбад . Фишор овари ба чарогох боиси нест кардани пушиши хок гардида сабаби пайдоиши шусташави, эрозия мегардад. Холо зиёда аз 9 хазор га. ба чарогох банд аст, ки хатари ин равандхо аз эътибор дур нест. Зам бар ин дар мухлати хеле кутох, пай дар пай чарронданидани чорво ва талаботи оддитаринро ба инобат нагирифтан ба генофонди олами растани мушкилоти зиёд тахдид мекунад. Масалан солхои охир микдори растанихои буттаги - олучаи кухи, карокот, бодом , ноки табии торафт кам гашта истодааст. Хамчунин дар натичаи гайри окилона истифодабарии чарогоххо дар Понгоз, Мулломир , Ошоба , Долона , Каромазор сарватхои гизои чорво хеле коста гашт, махсусан сунбули мушкин - ферула, осеб дид. Хангоми чарронидани чорво махсусан бузи ангори шумораи онро нисбати марзи чарогохи ба инобат гирифта намешавад, ки ин мушкили низ ташвишовар аст . Афзудани бузи агори ба он овард, ки массаи пушиши растани дар Понгоз , Мулломир, 4-6 ?\га кам гашт ин ба он оварда расонд . ки нисбати соли 60- ум шусташавии хок дар марзхои обчамъшавии дарёхо - сойхои дар Мулломир буда се маротиба афзуд ,ки ин мушкили рохои халли худро мечуяд . Яке аз чунин рохи осону пурмашаккат ин баланд намудани маърифати экологи аст.
Тагйирёбии мухити табии ва омилихои ба он таъсиркунанда .
Дар солхои охир муносибати байни инсон ва табиат пурра тагйир ёфта истодааст принсипхои асосии гузашта нисбати ин чабхахо пурра дигаргун гаштааст . Омилхои зиёде ба кайд гирифта шудааст, ки ба мухити табии таъсири худро расонда конунияти онро тагйир медихад.
Хануз В.И. Вернадский (1944) оид ба таъсири техногени сухан карда кайд карда буд, ки « Инсон хамчун омили геологи буда, таъсири у ба мухити табии хеле калон аст, чое нест, ки барои инсон он дастрас набошад» ин мазмуни онро дорад, ки агар чанде, ки инсон тамоми холати табииро дигаргун накунад хам, лекин у кодир аст , ки равандхои табииро тезонад ё худ суст намояд. Яъне инсон идоракунандаи конунияти табии аст .
А.Е.Ферсман (1934) мачмуи равандхои химияви ва техникиро бо мафхуми техногенез ифода намуд, ки бевосита ба фаъолияти инсон вобастааст . Хамин тарик омили асосии тагйирдихандаи мухити зист ин инсон ва фаъолияти он ба шумор меравад ва асоси техногенезро идора мекунад. Ба омили асосии техногенез, ки ба мухити табии таъсири худро мерасонад ва фаъолияти инсон ба хисоб меравад инхо шомиланд:
1. Саноат ва сохахои он махсусан саноати кухи.
2. Хочагии кишлок ва сохахои он.
3. Сохтмон ва самтхои он.
Категория ё таносубияти раванди техногени омили пайдоиш ва инкишофи онро муайян мекунад .ки ба таври гурухи он амал мекунад.
Гурухи аввалро гуногуннамудии фаъолияти хочагидории инсон, характери фаъолияти мухандисию хочаги (истехсоли боигарихои зеризамини ба таври кушод), заминдори, чорводори, сохтмон, иншоотхои гидротехники, ки ба мухити табии таъсир мекунад .
Гурухи дуюмро намудхо, к ба таркиби раванди техногени ворид мешавад - гурухи истихрочи канданихои фоиданок , ки ба намуди алохида чудо карда мешавад (хачм, масохати бо махсулот банд буда, захира ….)
Тагйирдихии мухити табии дар саоси чунин омилхо низ ба амал меояд.
1. Шароити табии – географии
2 . Хусусияти геолого – геоморфологи хангоими азхуд кардани замин
3 . Хосияти обхои зери замини дар натичаи мелиоратсия .
4 . Фаъолияти ирригасиони хочагии инсон
Якчоя амал наудани ин омилхо боиси васеъ гаштани масохати раванди техногени гашта боиси паст шудани сифати холати табии мегардад.Аз ин лихоз боло гаштани обхои зери замини ба амал омадани шуршавии хок, шусташавии таркиби хок, шусташудани сохилхо, пайдо шудани чари, афзудани раванди лаг?иш, кандашави дар мухлати хеле кутох масохати васеъро дар бар мегирад ва барои ичро намудани функсияхои экологии саватхои табии монеа мегардад. Аз ин руй дар натичаи хочагидории бисёрасра чамъият дар мухити табии кабатеро ба амал овард, ки он техносфера аст. Асоси ба амал омадани техносфера ин гайриокилона истифодабарии табиат дар даврахоиинкишофи илму техника аст.
Просмотр: 6405
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved