Дата: 2013-04-15
Таърихи пайдоиши системаи оператсионии Unix дар ?аъри Bell Telephone Laboratories (?оло AT&T Bell Laboratories) мехобад ва бо номи мутахассисони маш?ур – Кен Томпсон, Деннис Ритчи ва Брайан Керниган ало?аманд мебошад (ду номи охирин ба хонандагоне, ки бо забони барноманависии Си маш?ул шудаанд, шинос мебошад).
Системаи оператсионии Multics
Сол?ои 1965-1969 ширкати Bell Labs дар як?ояг? бо General Electric ва гурў?и мутахассисони Донишкадаи технологии Массачусетс дар лои?аи СО Multics иштирок намуд. Ма?сади лои?а – тартибди?ии системаи оператсионии интерактив? буд, ки истифодабарандагони зиёдро дастгир? менамояд. Албатта, мо дар ин ?о ма?сади та?лил намудани системаи оператсионии Multics-ро надорем. Тан?о ?айд менамоем, ки системаи оператсионии мазкур то ?адди исте?соли оммав? оварда нашуд, вале ин та?риба ?амъияти барномасозони ?а?онро бо як ?а?он фикру а?ида?ои нави илмию техник? пур?увват намуд. Умуман, камбудии асос?, ки сабаби ба исте?солот набаромадани СО Multics шудааст – структураи хеле мураккаби он мебошад. Дар байни иштироккунандагони лои?а Кен Томпсон ва Деннис Ритчи низ буданд.
Пас аз нобарории ин лои?аи гаронба?о, раёсат? ширкати Bell Labs, дигар ягон хо?иши бурдани ин ё он тад?и?отро доир бо система?ои оператсион? надошт.
Аввалин намуна?ои Unix
Чунин ме?исобанд, ки такони аввалини пайдоиши СО Unix тад?и?оти Кен Томпсон доир ба тартибди?ии бозии компютерии «Space Travel» мебошад. Ў ин тад?и?оти худро соли 1969 дар компютери Honeywell 635, амал? менамуд, ки то ин ва?т барои та?ияи лои?аи Multics истифода мешуд. ?амон ва?т, Кен Томпсон, Деннис Ритчи ва дигар кормандони Bell Labs намуди мукаммали системаи файлиро пешни?од намуданд, ки як навъи он дар компютери General Electric 645 амал? гашта буд. Мутахассисон хостанд, ки бозии «SpaceTravel"-ро ба ин компютер насб намоянд, вале маълум гашт, ки и?тидори компютер барои чунин амал кифоя намебошад. Дар ни?ояти кор, ин масъала, бо пайдоиши компютери PDP-7, ки пурра ба ин амал мувофи?ат мекард, ?алли худро пайдо намуд.
Баъд аз он, ки боз? бомуваффа?ият ба PDP-7 насб карда шуд, Томпсон мехо?ад, ки системаи файлии ?аблан та?ияшударо ба ин компютер татби? намояд. Асоси дигари чунин амал дар он буд, ки дар ширкати Bell Labs он ва?т?о ба восита?ои арзон ва оддии бурдани ?у??атгузор? талабот пайдо шуда буд. Дере нагузашта дар PDP-7 системаи файл? ба кор медарояд, ки дар он чунин хосият?о дастгир? мешуданд: маф?уми inodes, зерсистемаи идоракунии хотира ва раванд?о, ки аз тарафи ду истифодабаранда истифода шудани системаро таъмин менамуданд, интерпретатори оддии фармон?о ва якчанд утилита?о. ?амаи ин, ?оло системаи оператсионии UNIX номида намешуд, вале хусусият?ои хоси ин СО аллакай пайдо шуда буданд.
Номи онро Брайан Керниган пешни?од намуд. Ў пешни?од намуд, ки ин системаи дастгирикунандаи ду истифодабаранда UNICS (Uniplexed Information and Computing System) номида шавад. Дере нагузашта, UNICS ба UNIX табдил меёбад (талаффуз дигар нашуда, тан?о ба як ?арф кўто? мешавад). Навъ?ои аввалини UNIX дар забони ассемблер навишта шуда буданд.
Соли 1971 навъи аввалин ва соли 1972 навъи дуюми UNIX баромад. ?и?ати фар?кунандаи навъи дуюм дар он буд, ки он бо забони Би (англ. «В") навишта шуда буд. Забон ва системаи интерпретатсияи онро Кен Томпсон дар асоси забони BCPL та?ия намудааст.
Дар забони дигар (на дар ассемблер) навишта шудани система пешравии назаррас буд. Лекин, худи забони Би аз якчанд ?и?ат барноманависонро ?онеъ намекард. ?ам забони BCPL ва ?ам Би намуд?ои ?имат?оро дастгир? намекарданд, яъне он?о тан?о як намуди ?имат?оро дастгир? менамуданд, ки ба калимаи мошин? мувофи?ат мекард. Деннис Ритчи, ки доимо бо забон?ои барноманавис? маш?ул буд, чунин камбудии забони Би-ро бартараф кардани шуда, ба он системаи намуд?оро илова намуд. ?амин тавр, дар ни?ояти кор забони Си (англ. «С") пайдо шудааст. Соли 1973 Томпсон ва Ритчи системаи оператсионии UNIX-ро ба забони Си навиштанд ва ин навъи чоруми он буд.
Соли 1974 навъи пан?уми он мебарояд, ки яке аз аввалин?о шуда онро донишго??о дастрас менамоянд. Зеро сиёсати ширкати Bell Labs барои ма?сад?ои омўзиш? ба ройгон па?н шудани матн?ои UNIX мусоидат менамуд (тан?о пардохтани мабла?и дастурамал?о ва ?ункунанда?ои иттилоот лозим буд).
Соли 1975 ширкати Bell Labs навъи шашуми СО UNIX –ро бо рамзи V6 баровард. Соли 1977 навъи ?афтуми система баромад, ки бо компилятор?о ва интерпретатор?ои нави фармон?о, гурў?и драйвер?ои нави та??изот?о мукаммал шуда буд.
Пас аз ин, ?амкори?ои зиёди ширкати Bell Labs бо ширкат?ову гурў??ои гуногун о?оз меёбанд. Ба ин ?атор, мутхассисони ?авони донишго?и ш.Беркли (та?иягарони Berkeley Software Distribution (BSD)), ширкат?ои UniSoft Corporation, Microsoft Corporation, Santa Cruz Operation (SCO) ва ?. шомиланд.
Соли 1983 оиди ?амкории ояндаи ширкати Bell Labs бо AT&T эълон шуд. Дар ин ?о низ ширкати American Telephone and Telegraph Bell Laboratories (AT&T Bell Labs) оиди баромадани UNIX System V эълон намуд.
Соли 1987 ба зиёда аз 750 000 компютер?о системаи оператсионии UNIX насб шуда, шумораи истифодабарандагони UNIX ба 4,5 миллион нафар расида буд.
Ин буд, шар?и мухтасари таърихи пайдоиши СО UNIX.
Маф?ум?ои асосии СО UNIX
Дар ин ?о бо маф?ум?ои асос?, структураи умумии система ва имконият?ои асосии СО UNIX шинос мешавем.
Маф?ум?ои асос?
Яке аз афзалият?ои системаи оператсионии UNIX дар он аст, ки асоси системаи мазкурро маф?ум?ои одд? ва фа?мо ташкил меди?анд. Лекин, ба соддагии ин маф?ум?о ниго? накарда, пеш аз ?ама, ба он?о одат намудан лозим аст. Бе ин, фа?мидани мо?ияти UNIX ?айриимкон мегардад.
Истифодабаранда
Аз ибтидои пайдоиши худ системаи оператсионии UNIX ?амчун системаи интерактив? пешбин? мешавад. Яъне, UNIX барои муоширати бевосита бо истифодабаранда (кори терминал?) тартиб дода шудааст. Барои о?оз намудани кор, одам бояд тавассути дохил намудани номи ?айдии худ (account name) ва мумкин аст, сирркалима (password) ба система «ворид» шавад. Одаме, ки бо чунин ро? дар система ба ?айд гирифта шудааст, истифодабарандаи ?айдшудаи система номида мешавад. ?айди истифодабарандагони навро одатан маъмури система и?ро менамояд. Истифодабаранда номи ?айдии худро та?йир дода наметавонад, вале та?йирди?? ва ё муайян намудани сирркалима ба ў имконпазир аст. Сирркалима?о дар файли ало?ида ба намуди кодгузоришуда ниго? дошта мешаванд.
?ар як истифодабарандаи СО UNIX бо ин ё он тарз файл?оро истифода мебарад. Системаи файлии UNIX намуди шоханок дорад. Ба ?ар як истифодабарандаи ?айдшуда як каталоги системаи файл? мувофи? меояд ва онро каталоги «хонагии» (home) истифодабаранда меноманд. ?ангоми воридшав? ба система, истифодабаранда бо ?амаи зеркаталог?о ва файл?ои каталоги хонагии худ тамоми амалиёт?оро и?ро намуда метавонад. Умуман, агар истифодабаранда ваколат?ои коф? дошта бошад, ба ў ?амаи файл?ои система дастрас шуда метавонанд.
Интерфейси истифодабаранда
Тарзи анъанавии муоширати истифодабаранда бо системаи UNIX тавассути забон?ои фармон? амал? мегардад (?айд менамоем, ки ?оло интерфейс?ои график? нисбатан бештар истифода шуда истодаанд). Баъд аз ба система ворид шудани истифодабаранда, барои ў яке аз интерпретатор?ои фармон? ба кор медарояд (вобаста ба параметр?ои дар файли /etc/passwd сабтшуда). Одатан, дар система якчанд интерпретатор?о мав?уданд, ки забони монанд, вале имконият?ои гуногун доранд. Номи умумии дилхо? интерпретатори СО UNIX – shell (рўкаш) мебошад, зеро ?ар як интерпретатор му?ити атрофии ядрои системаро намояндаг? мекунад.
Интерпретатор ?ар як фармони (ё фармон?ои) ба сатри фармон?о дохилнамудаи истифодабарандаро и?ро менамояд. Барои ан?оми кори худ истифодабаранда фармони logout ё комбинатсияи тугмача?ои Ctrl+d-ро пахш менамояд.
Забон?ои фармонии СО UNIX то ?адди имкон барои фа?мидани истифодабарандаи нав одд? буда, бо баробари он, барои навиштани барнома?ои мураккаб низ имконият?ои зиёдеро пешкаш менамоянд. Имконияти охирин аз ?исоби механизми махсуси файл?ои фармон? (shell scripts) амал? мегардад, ки метавонанд пайдарпаии дилхо?и сатр?ои фармониро дар бар дошта бошанд. ?ангоми ба файли фармон? ишора намудан, интерпретатори фармон?о файлро сатр ба сатр хонда, фармон?оро пайдарпай и?ро менамояд.
Истифодабарандаи боваколат
Ядрои СО UNIX ?ар як истифодабарандаро мувофи?и идентификатори ў (UID - User Identifier) – ?имати бутуни нотакрор, ки ба истифодабаранда ?ангоми дар система ?айд шудани ў дода мешавад, мешиносад. ?айр аз ин, ?ар як истифодабаранда ба ягон гурў?и истифодабарандагон дохил мешавад, ки ба он?о низ ягон ?имати бутун (GID - Group IDentifier) мувофи? гузошта шудааст. ?имат?ои UID ва GID барои ?ар як истифодабарандаи ?айдшуда дар файл?ои ?айдии система сабт шуда, мувофи?и он ядрои система ваколат?ои амалиёт?ои и?рошудаистодаро назорат менамояд.
Албатта, маъмури система, ки худ низ истифодабарандаи ?айдшудаи система мебошад, бояд нисбат ба истифодабарандагони одд? ваколат?ои зиёдтар дошта бошад. Дар СО UNIX ин масъала тавассути ?удо намудани яке аз кимат?ои (нулии) UID ?алли худро ёфтааст. Истифодабарандае, ки чунин UID дорад, истифодабарандаи ол? (superuser) ё root номида мешавад. Ў ба ?амаи файл?о ва барнома?ои система дастрас шуда метавонад. ?айр аз ин, чунин истифодабаранда имконияти пурра назорат намудани системаро дорад. Ў метавонад кори системаро ?атъ намояд ва ?атто онро пурра аз кор барорад.
Дар му?ити UNIX чунин ме?исобанд, ки шахси вазифаи истифодабарандаи олиро иш?ол намуда, бояд амалиёт?ои худро пурра дарк намояд. Истифодабарандаи ол? бояд ба структураи кори СО UNIX хеле хуб сарфа?м равад. Ў ба бехатарии система, кори са?е?и он, илованамо? ва хори?намоии истифодабарандагон, кори системаи файл? ва ?. ?авобгар аст.
Боз як фар?ияти истифодабарандаи ол? аз истифодабарандаи оддии СО UNIX дар он аст, ки ба истифодабарандаи ол? ма?дудият?ои захира?ои истифодашаванда таъсир намерасонанд. Масалан, барои истифодабарандагони одд? андозаи максималии файл, ?исми хотира, ?исми диск ва ?. ма?дуд карда мешаванд. Истифодабарандаи ол? чунин ма?дудият?оро та?йир дода метавонад, вале он?о барои худи ў таъсир намерасонанд.
Барнома?о
СО UNIX дар як ва?т ?ам му?ити оператсионии истифодабарии барнома?ои амал? ва ?ам му?ити та?ияи барнома?ои нав мебошад. Барнома?ои навро дар забон?ои гуногуни барноманавис? навиштан мумкин аст. Вале, забони стандартии барноманавис? дар му?ити СО UNIX забони Си (ки ?оло, бештар ба забони Си++ иваз шуда истодааст) мебошад. Сабаб дар он аст, ки худи системаи UNIX бо ин забон навишта шудааст ва инчунин, забони Си яке аз забон?ои босифати стандартишуда мебошад.
Фармон?о
Дилхо? забони фармонии оилаи shell амалан аз се ?исм иборат аст:
- сохтор?ои хидмат?, ки имконияти кор бо сатр?ои матн? ва тартибди?ии фармон?ои мураккабро дар асоси фармон?ои одд? меди?анд;
- фармон?ои хос, ки бевосита аз тарафи интерпретатори забони фармон? истифода мешаванд;
- фармон?ои файл?ои и?рошавандаи ало?ида.
Масалан, матни зерини дар забони Си навишташуда барои тартиб додани фармоне, ки ба экран аргументи худ – сатри матниро мебарорад, истифода шуда метавонад:
#include <stdio.h>
main (argc, argv)
int argc;
char *argv[];
{
if (argc != 2)
{ printf("usage: %s matni shumo\n", argv[0]);
exit;
}
printf("%s\n", argv[1]);
}
Раванд?о (протсесс?о)
Раванд дар СО UNIX – ин барномае мебошад, ки дар фазои виртуалии суро?авии худ и?ро мешавад. ?ангоми ба система ворид шудани истифодабаранда, ба таври автоматик? раванд тартиб дода мешавад, ки дар он барномаи интерпретатори фармон? и?ро мешавад. Умуман, барои ба ву?уд омадани раванди нав ва ба кор даровардани барнома ду муро?иати системави fork() ва exec (номи файли и?рошаванда) истифода мешаванд.
Самтгузории дохилкун?/хори?кун?
Тарзи самтгузории дохилкун?/хори?кун? яке аз восита?ои тавоно ва баробари он оддии СО UNIX мебошад. Он ба хосият?ои зерини СО UNIX асос меёбад.
? ?ар як дохилкун?/хори?кун? ?амчун дохилкун? ба файл ва хори?кун? ба файл маънидод мешавад. Клавиатура ва экран низ ?амчун файл ?абул мешаванд (якуминро тан?о хондан мумкин буда, ба дуюм тан?о навиштан мумкин аст).
? ?ар як файл мувофи?и дескриптори он (адади бутуни мусбат) дастрас мешавад. Файли дескриптори 1 дошта файли дохилкунии стандарт? (stdin), файли дескриптори 2 дошта файли хори?кунии стандарт? (stdout) ва файли дескриптори 3 дошта файли хори?кунии ахборот?ои муоинав? (stderr) номида мешавад.
? Барномаи дар ягон раванд о?оз шуда, ?амаи дескриптор?ои файл?ои кушодаро аз раванди (ин барномаро) тавлиднамуда ?абул менамояд.
Ядрои СО UNIX
?амчун дар ?амаи система?ои оператсион?, ки истифодабарандагони зиёдро дастгир? менамояд ва дар он?о истифодабарандагон аз ?амдигар ва ?имат?ои системав? аз таъсири истифодабарандаи беваколат ?имоя карда мешаванд, дар СО UNIX ядрои ?имояшуда мав?уд аст, ки захира?ои компютерро идора намуда, ба истифодабарандагон ма?мўи хизматрасони?оро пешкаш менамояд.
Структураи умумии ядрои анъанавии СО UNIX
Яке аз афзалият?ои СО UNIX – ин хосияти бо осон? аз як асоси та??изот? ба дигар гузашта тавонистани он мебошад. ?айр аз ядро, дигар ?амаи ?узъ?ои система аз та??изот новобаста мебошанд.
Дар нати?аи ба ?исм?ои аз мошин вобаста ва аз мошин новобаста ?удо кардани ?узъ?ои ядро, ?исми асосии ядро пурра дар забони Си навишта шуда, аз хусусият?ои та??изот новобаста мешавад. ?исми аз мошин вобастаи ядро бошад, дар забон?ои Си ва ассемблер навишта шудааст.
?исми аз мошин вобастаи ядрои анъанавии СО UNIX чунин ?узъ?оро дар бар мегирад:
- дар сат?и паст ба кор о?оз бахшидани система (то он ва?те, ки он аз хусусият?ои та??изот вобаста аст);
- коркарди ибтидоии каниш?ои дохил? ва берун?;
- идоракунии хотира (дар он ?исме, ки ба хусусият?ои дастгирии та??изотии хотираи виртуал? тааллу? дорад);
- гузаронидани раванд?о байни ре?а?ои истифодабаранда ва ядро;
- ?исм?ои драйвер?ои та??изот?о, ки бо хусусият?ои техник? ало?аманд мебошанд.
Функсия?ои асос?
Одатан, чунин функсия?ои асосии ядрои СО UNIX-ро фар? мекунанд.
- Ба кор даровардани система. Ядрои система восита?ои ибтидоии о?ози корро (bootstrap) таъмин менамояд, ки он ядрои пурраро ба хотираи компютер сабт намуда, кори онро о?оз мебахшад.
- Идоракунии раванд?о – функсияи тартибди??, ба ан?ом расон? ва назорати раванд?ои мав?удбуда.
- Идоракунии хотира. ?исми мувофи?и ядро истифодабарии ?амон як ?исми хотираи фавриро аз тарафи якчанд раванд?о бо истифодабарии хотираи берун? таъмин менамояд.
- Идоракунии файл?о – функсияе, ки абстраксияи системаи файл?, иерархияи каталог?о ва файл?оро амал? мегардонад. Системаи файлии СО UNIX якчанд намуди файл?оро дастгир? менамояд. Одатан, СО UNIX якчанд намуди ташкили системаи файлиро дастгир? менамояд.
- Восита?ои коммуникатсион? – функсияе, ки мубодилаи ?имат?оро байни раванд?о таъмин менамояд.
- Интерфейси барномав? – функсияе, ки ба истифодабарандагон имконият?ои ядроро бо истифодаи системаи муро?иат?ои системав? дастрас менамояд.
Системаи оператсионии UNIX дар сол?ои охир
Системаи оператсионии UNIX, якумин системаи оператсион? мебошад, ки онро бо осон? ба дигар базаи та??изот? гузаронидан мумкин аст. Бо баробари он, системаи мазкур асоси амалии тартибди?ии система?ои кушоди та??изот?-барномав? ва комплекс?о мебошад. Барои тара??иёти равияи Система?ои Кушод стандартикунонии интерфейси СО UNIX таъсири калон расонидааст.
Ба ин ниго? накарда, ?оло якчанд шоха?ои СО UNIX –ро ?удо намудан мумкин аст, ки аз ?амдигар фар?ияти назаррас доранд (гарчанде бо ташаккули раванди стандартикунон? чунин фар?ият мунтазам кам шуда истодааст). Дар поён тан?о баъзе намуд?ои СО UNIX дида баромада мешаванд.
UNIX System V Release 4 ва UnixWare
Ч? тавре, ки маълум аст, матн?ои ибтидоии СО UNIX, аз тарафи кормандони ширкати телефонии AT&T навишта шуда, муддати зиёд ?у?у?и муаллиф? ва фурўши литсензия?о ба ин ширкат тааллу? дошт. Баъдан, аз сабаби мураккабии та?иянамоии чунин ма?сулоти барномав? ва баъзе душвори?ои ?у?у?? ширкати AT&T шўъбаи худро бо номи USL (UNIX System Laboratories) таъсис намуд, ки вазифаи асосии он тара??? додан ва па?н намудани матн?ои асосии СО UNIX буд.
Ма?з USL навъи СО UNIX System V 4.0 –ро баровард, ки амалан ба стандарти системаи оператсионии UNIX табдил ёфта, асоси навъ?ои сершумори минбаъдаи СО UNIX гаштааст.
Соли 1993 ширкати USL аз ширкати Novell вобаста карда шуда, ?оло бошад, амалан яке аз шўъба?ои он ?исоб намудан мумкин аст. Бо баробари он, рамзи ти?оратии UNIX ба консорсиуми X/Open дода шуд. Соли 1994 фаъолияти USL дар таркиби Novell ?ариб тамоман ноаён буд, мумкин аст, зиёд будани кор?ои ташкилот? дар ибтидои ?амкор? сабаб шудаанд. Лекин, дар ибтидои соли 1995 ширкати Novell оиди баровардани намуди нави системаи оператсионии худ – СО UnixWare 2.0 эълон намуд, ки дар асоси System V 4.2 тартиб дода шуда буд.
Ширкати Novell шаъну шарафи зиёде пайдо намуда, мабла??ои асосии худро дар бозори шабака?ои локалии компютер?ои фард? ба даст овард. Системаи оператсионии шабакавии NetWare тан?о дастрасшавии шабакавиро ба захира?ои сервер барои компютер?ои бо MS-DOS идорашаванда таъмин менамуд. Нокифоя шудани имконият?ои система?ои оператсионии намуди MS-DOS барои истифодабарии самараноки компютер?о, ширкати Novell–ро ма?бур намуд, ки ди??ати худро ба системаи оператсионии UNIX ?алб намояд.
Навъи аввалини система бо номи UnixWare пурра дар SVR 4.0 асос ёфта, бо баробари он, як ?атор имконият?ои иловагии хоси Novell–ро низ дар бар мегирифт. ?айд менамоем, ки истифодабарандагон бо кори UnixWare на он ?адар ?онеъ гашта буданд: кор ва идоракунии система хеле мураккаб буд. Соли 1995 навъи мукаммалшудаи система бо номи UnixWare 2.0, дар асоси SVR 4.2 бароварда шуд, ки мувофи?и а?идаи мутахассисон нисбатан бе?тар буд.
Система?ое, ки дар System V Release 4 асос ёфтаанд
Дар ин ?о, ба таври мухтасар як ?атор ма?сулот?ои ширкат?ои ти?оратиро ?айд менамоем, ки дар базаи System V тартиб дода шудаанд.
Solaris – аз ширкати Sun Microsystems
Маълум аст, ки сол?ои зиёде асоси система?ои оператсионии ширкати Sun Microsystems (SunOS)–ро UNIX BSD ташкил медод. Лекин, аз SunOS 4.0 о?оз намуда, гузариш ба System V 4.0 амал? мегардад. Ин пеш аз ?ама, бо он ало?аманд буд, ки SVR 4.0 имконият?ои функсионалии UNIX BSD–ро дар бар мегирифт. Sun Microsystems ба SVR 4.0 як ?атор имконият?ои нав илова намуд.
Solaris ?исми берунаи SunOS буда, ба таври иловаг? восита?ои графикии интерфейси истифодабаранда ва восита?ои мукаммали мубодилаи шабакавиро дар бар мегирад.
HP/UX – аз ширкати Hewlett-Packard, DG/UX – аз ширкати Data General, AIX – аз ширкати IBM бисёр ?и?ат?ои фар?кунанда доранд. Аз ?умла, дар чунин навъ?ои СО UNIX восита?ои гуногуни ташкили интерфейси графикии истифодабарандагон (гарчанде, ?амаи он?о ба системаи оинавии Х асос меёбанд) дастгир? мешаванд.
Лекин, ?амаи ин система?оро асоси ягонаи он?о - SVR 4.x мутта?ид менамояд. Бинобар он, муро?иат?ои системавии чунин система?о мувофи? мебошанд.
Ба монанди ин?о Open Software Foundation (OSF-1), Santa Cruz Operation (SCO UNIX) ва ?. номбар намудан мумкин аст.
Баъзе намуд?ои озод па?ншавандаи СО UNIX
Linux – аз донишго?и Хелсинки
Linux – ин татби?и махсуси СО UNIX барои Intel-та??изот?о мебошад, ки аз тарафи корманди донишго?и Хелсинки Линус Торвалдс та?ия шудааст.
Ядрои система мувофи?и технологияи анъанав? (яъне, бе истифодаи микроядро) навишта шудааст. Лекин, мувофи?и а?ида?ои истифодабарандагони система ядрои Linux бо сифати баланди код?о ва ташкили модулии хуб фар? мекунад.
Linux озод па?н шуда, системаи оператсионии хеле ?ав? мебошад – яъне, имконият?ои зиёди компютерро талаб наменамояд ва байни ?авонони барномасоз ма?оми хоса дорад. Амалан, ?ар ?афта ё бештар аз он драйвери нави дар Linux коркунанда пайдо мешавад. Ба ин системаи оператсион? як ?атор телеконфронс?о ва форум?ои Интернет бахшида шудаанд. Инчунин, ма?алла?ои зиёде махсус ба мавзуи Linux бахшидашуда нашр шуда истодаанд. Дар навбати худ Linux якчанд навъ?ои худро дорад ва та?лили он?о мавзўи ало?идаро талаб менамояд. Дар са?ифа?ои оянда ба СО Linux боб?ои ало?ида бахшида шудаанд.
Hurd Free Software Foundation
Лои?аи Hurd кўшиши ба инти?ои манти?? расонидани лои?аи маш?ури Ричард Столлман – GNU мебошад.
Фикри асосии лои?аи Hurd – ин ба сифати асоси система истифода намудани намуди тайёри микроядрои Mach буд, ки онро донишго?и Карнеги-Меллон озод па?н менамуд.
Маълумот?ои ?амъбаст? оиди СО UNIX
Системаи оператсионии UNIX – ин ма?мўи барнома?ое мебошад, ки кори компютерро идора менамояд, ало?аи байни истифодабаранда ва компютерро амал? гардонида, барои и?ро намудани кори истифодабаранда ўро бо восита?ои амал? таъмин менамояд. Системаи UNIX ма?з барои одд?, самаранок ва ?ав? намудани кори таъминоти барномав? пешбин? шуда, дорои як ?атор хосият?ои зарур? мебошад:
? ма?сади асосии система – ин и?ро намудани ма?мўи масъала?о ва барнома?ои гуногун мебошад;
? му?ити интерактив?, ки имконият меди?ад бевосита бо компютер ало?а намуда, ба ?ар як дархосту ахборот?о фавран ?авоб гирифта шавад;
? му?ити истифодабарандагони зиёд, ки имконият меди?ад захира?ои компютер байни истифодабарандагон та?сим шуда, ?осилнок? дар сат?и баланд бо?? монад. Чунин намуди ташкили кор - тарзи та?симоти ва?т номида мешавад. Дар ин ?олат, система бо истифодабарандагон хеле бо суръати баланд муошират менамояд ва чунин ба назар мерасад, ки гуё он бо ?амаи истифодабарандагон баробар ало?а намуда истодааст;
? му?ити масъала?ои зиёд, ки ба истифодабарандагон имконияти дар як ва?т и?ро намудани якчанд масъала?оро меди?ад.
СО UNIX – 4 ?узъи асосиро дар бар мегирад:
1. Ядро -
ин барномае, ки ядрои системаи оператсиониро ташкил меди?ад; он функсия?ои дохилии компютерро ба танзим медарорад (масалан, ниго? доштани тартиби ?ойгирии захира?ои системав?). Кори ядро зо?иран ноаён аст.
2. Shell –
ин барномае, ки тавассути интерпретатсия ва и?ро намудани фармон?ои истифодабаранда ало?аи истифодабарандаро бо ядро амал? мегардонад. Азбаски, он ?имат?ои дохилнамудаи шуморо хонда ба он?о ?авоб мегардонад, пас он ?амчун интерактив? маънидод карда мешавад.
3. Commands -
ин номи барнома?ое мебошад, ки бояд компютер и?ро намояд. Баста?ои барнома?оро восита?ои асбоб? меноманд. Системаи UNIX ?алли масъала?ои амал? ба монанди тартибди?? ва та?йирди?ии матн, навиштани барнома?о, мукаммал намудани таъминоти асбобии барномав? ва мубодилаи ?имат?оро бо восита?ои асбоб? таъмин менамояд.
4. File system –
системаи файл? – ин ма?муи ?амаи файл?ои имконпазири компютер мебошад. Он барои бо осон? ва зуд сабт намудан ва ?усту?ў намудани иттилоот ёр? мерасонад.
Ядро
Ядро масъалаи дастрасшавиро ба компютер идора менамояд, хотираи компютерро идора менамояд, кори системаи файлиро ба танзим медарорад ва захира?ои компютерро байни истифодабарандагон та?сим менамояд.
Shell
Shell – ин барномае, ки барои бо системаи оператсион? ало?а намудан имконият меди?ад. Shell инчунин, забони тавонои барномасоз? мебошад.
Фармон?о – барнома?о
Барнома – ин ма?мўи нишондод?о барои компютер мебошад. Барнома?ое, ки бе тар?умаи пешак? и?ро шуда метавонанд, барнома?ои и?рошаванда ё фармон?о номида мешаванд. Агар шумо системаи UNIX–ро барои навиштани барнома?о истифода кардан? бошед, метавонед муро?иат?ои системав?, зербарнома?о ва дигар восита?ои асбобиро истифода баред.
Системаи файл?
Системаи файл? яке аз ?исм?ои та?дирсози СО UNIX мебошад. Он тарзи манти?ии ташкил, идоранамо? ва бар?ароркунии иттилоотро таъмин менамояд. Системаи файл? структураи иерарх? дорад.
Файл, ки во?иди асосии системаи UNIX мебошад метавонад:
файли одд?, ахборот?, файли махсус ё канали рамзии ало?а бошад.
Файл?ои одд?
Файл?ои одд? ма?мўи рамз?о мебошанд. Файл?ои одд? барои ниго?дории ?ар гуна иттилоот истифода мешаванд. Он?о метвонанд сатр?ои матн?, код?ои барнома?ое, ки шумо навиштед ё фармон?ои барнома?ои шуморо бакордарорандаро дар бар гиранд.
Файл?ои ахборот?
Файл?ои ахборот? файл?ои ол? мебошанд, ки метавонанд дигар файл?о ва файл?ои ахборотиро низ дар бар дошта бошанд. Шумо метавонед дар он?о каталог созед, каталог?ои онро хори? намоед, ба он файл илова намоед ё файли онро хори? намоед.
Файл?ои махсус
Файл?ои махсус ба та??изот?ои физик? мувофи? меоянд, ба монанди терминал, та??изоти диск?, канали ало?а ва ?. Система ба (аз) файл?ои махсус маълумотро ба монанди файл?ои одд? мехонад. Лекин, дархост?ои система барои хондан ё сабт намудани маълумот механизми оддии дастрасшав? ба файлро ба кор намедарорад. Ба ивази он драйвери та??изоти ба файл ало?амандбуда ба кор дароварда мешавад.
Канали рамзии ало?а
Канали рамзии ало?а – ин файл?ое мебошанд, ки ба дигар файл?о ишора менамоянд.
Умуман, оиди системаи оператсионии UNIX маълумот?ои зиёдеро овардан мумкин аст. Вале, барои тасаввуроти ибтидо? мавзўъ?ои ?айдшуда кифоя мебошанд ва дар ин асос омўзиши хусусият?ои мушаххаси системаи оператсионии мазкурро давом додан мумкин аст.
Просмотр: 7282
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved