DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

ЛЕКЦИИ

    мавзухо доир ба Консепсияҳои табиатшиносии муосир
  • Хулосаҳои умуми илмӣ аз назарияи нисбияти Эйнштейн
    Хулосаҳои умуми илмӣ аз назарияи нисбияти Эйнштейн

    Назарияи нисбияти Эйнштейн аввалин назарияи физикӣ буд, ки нуқтаи назари олимонро оид ба фазо, вақт ва ҳаракат куллан тағйир дод. Агар дар механикаи классикӣ фазо ва вақтро новобаста аз ҳамдигар ва аз ҳаракати ҷисмҳои материалӣ, яъне мафҳумҳои мутлақ меҳисобиданд, пас бо бунёди назарияи махсуси нисбият қатъиян муқаррар гардид, ки:

    Дата: 2017-10-18 / Просмотры: 1249
  • Назарияи умумии нисбияти Эйнштейн
    Назарияи умумии нисбияти Эйнштейн

    Дар назарияи махсуси нисбият системаҳои сарҳисоб инерсиалӣ ҳисобида мешаванд. Назарияи махсуси нисбият муқаррар менамояд, ки дар ҳамаи системаҳои инерсиалӣ просесҳои физикӣ якхела сурат мегиранд. Саволе бармеояд, ки оё ин принсипро барои системаҳои ғайриинерсиалӣ татбиқ намудан мумкин аст? Дар назари аввал чунин менамояд, ки мумкин нест, зеро дар системаҳои ғайриинерсиалӣ бо ёрии таҷриба ғайриинерсиалӣ будани онҳоро муайян кардан мушкил нест. Масалан, дар мошини ростхатта ва мунтазам ҳаракат карда истода нишаста мо гуфта наметавонем, ки мошини мо дар ҳаракат аст, ё биною дарахтони сари роҳ. Вале агар мошинро тормоз диҳем, ба пеш такон мехўрем ва маълум мешавад, ки маҳз мошини мо дар ҳаракат аст. Чунин системаи сарҳисоби сустшаванда (ва ё тезшаванда) ҳаракат карда истода, системаи ғайриинерсиалӣ мешавад.

    Дата: 2017-10-18 / Просмотры: 2738
  • Мафҳуми фазо ва вақт дар механикаи классикӣ
    Мафҳуми фазо ва вақт дар механикаи классикӣ

    Дар манзараи механикии Олам мафҳумҳои фазои мутлақ ва вақти мутлақ, ки ҳанўз И. Нютон дохил намуда буд, нақши асосӣ мебозанд. Ин мафҳумҳо асоси консепсияи механикии фазо ва вақтро ташкил медиҳанд, ки мувофиқи он материя, фазои мутлақ ва вақти мутлақ мафҳумҳои аз якдигар новобаста ҳисобида мешаванд. Мувофиқи ақидаи Нютон фазои мутлақ ҷойгаҳи беҳаракат ва холии ҷисмҳои мутаҳаррик, вақти мутлақ давомнокии ҳолати ин ҷисмҳо мебошанд. Нютон гумон дошт, ки фазои мутлақ ва вақти мутлақ мафҳумҳои ҳақиқии тавсифкунандаи олами воқеӣ мебошанд, вале хусусиятҳои онҳо эҳсоснашаванда буда, эҳтимол дар оянда физика имкон пайдо мекунад, ки системаҳои реалии ифодакунандаи ин мафҳумҳоро пешниҳод намояд. Дар таҷрибаи ҳаррўзаи худ бошад, инсон бо ҳаракатҳои нисбӣ, фазои нисбӣ ва вақти нисбӣ сару кордор мешавад.

    Дата: 2017-10-18 / Просмотры: 5289
  • Давраҳои инқилобии инкишофи табиатшиносӣ
    Давраҳои инқилобии инкишофи табиатшиносӣ

    Дар таърихи табиатшиносӣ давраҳои эволютсионӣ ва инқилобии инкишофи онро фарқ мекунанд. Ба инқилобҳои илмӣ дар табиатшиносӣ пешниҳоди Системаи гелиосентрии Олам (Коперник, асри 16), кашфи қонунҳои механика ва бунёди механикаи классикӣ (Г.Галилей ва И.Нютон, асри 17), бунёди назарияи классики эволютсия дар биология (Ч.Дарвин, асри 19), пешниҳоди физикаи релятивӣ (А.Эйнштейн, асри 20), механикаи квантӣ (М.Планк, Л. де Бройл, Н.Бор ва дигарон, охири асри 19 ва ибтидои асри 20) ва ниҳоят бунёди биологияи молекулавӣ ва генетика (Ф.Крик, Ҷ.Уотсон ва дигарон, асри 20)-ро дохил намудан мумкин аст. Ҳар яке аз ин кашфиёту пешниҳодҳо барои ташаккулёбии тарзу усулҳои нави тадқиқот дар соҳаи додашудаи табиатшиносӣ нақши асосӣ бозидаанд.

    Дата: 2017-10-18 / Просмотры: 2846
  • Проблемаҳои методологии табиатшиносӣ
    Проблемаҳои методологии табиатшиносӣ

    Методология худ назарияи фалсафӣ оид ба принсипҳо ва усулҳои тадқиқу таҳқиқи илмӣ буда, ба маънои васеътар таълимот оид ба аслу усули фаъолияти назариявӣ ва амалии инсон мебошад. Масъалаҳои методологӣ алалхусус дар асрҳои 16 ва 17, замоне ки табиатшиносии муосир ташаккул меёфт ва проблемаи таносуби байни усули илмӣ ва усули натурфалсафӣ пеш омада буд, дар мадди назар буданд. Ниҳоят, дар асри 19 ба тавассути тадқиқотҳои саромадони фалсафаи классикии немис (И. Кант, Г. Гегел ва дигарон) муяссар шуд, ки нақши диалектика ҳамчун усули умумии идрок эътироф гардад.

    Дата: 2017-10-18 / Просмотры: 1959
  • Мавзўъ ва ҳадафҳои табиатшиносӣ, давраҳо ва марҳилаҳои инкишофи табиатшиносӣ
    Мавзўъ ва ҳадафҳои табиатшиносӣ, давраҳо ва марҳилаҳои инкишофи табиатшиносӣ

    Табиатшиносӣ системаи илмҳо оид ба табиат ва олами ҳастӣ буда, ҳодисаҳо ва протсессҳое, ки дар он ба амал меоянд, мавриди муҳокима ва таҳқиқ қарор медиҳад. Дар айни замон табиат ҳамчун мавзўи табиатшиносӣ на ба таври абстрактӣ ва берун аз фаъолияти инсон, балки ба таври конкретӣ ва таҳти нуфузи инсон мавриди назар қарор мегирад.

    Дата: 2017-10-18 / Просмотры: 7724
  • Первая | Предыдущая | 1 | 2 | 3

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved