Барои фаҳмиши мақом ва нақши фарҳанг дар ҷамъият муайян кардани вобастагии фарҳанг бо дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, бо иқтисодиёт хеле муҳим аст.
Ҷамъият чун низоми томи иҷтимоию фарҳангӣ аз чанд зернизоми сифатан ва мазмунан гуногун иборат аст. Яке аз шаклҳои муҳими низоми иҷтимоӣ умумиятҳои иҷтимоии одамон мебошад.