Батартибдарории фаъолияти хоҷагидорӣ яке аз усулҳои таъсиррасонии ташкилӣ ба шумор меравад, ки вай барои дар байни субъектҳо идоракунанда ва объектҳои идорашаванда барои гузоштани таносуби оқилона таъсир мерасонад. Коркард ва ба ҳаракат даровардани ҳуҷҷатҳо – низомномаҳо оид ба системаҳои хоҷагидорӣ корхонаҳо ва узвҳои идоракунии онҳо, дастурҳои вазифагӣ ва ғайраҳоро таъмин менамояд. Ба ҷумлаи ингуна ҳуҷҷатҳо: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корхонаҳои давлатӣ (иттиҳодияҳо). Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кооператсияи матлубот ва дигар санадҳо ва ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ доир ба батанзимдаровардани фаъолияти хоҷагидорӣ дохил мешаванд.
Дата: 2017-05-10 /
Просмотры: 2018
Усулҳои маъмурии идоракунӣ – таъсиррасонии ташкилии роҳбарон бо роҳи танзим намудани муносибат ва ҳаракатҳои тобеон дар ҷараёни фаъолияти ташкилот.
Дата: 2017-05-10 /
Просмотры: 1799
Ба ҷумлаи таълимоти замонавии синтетикии идоракунӣ назарияҳои ҳолатҳо (ситуатсионӣ), системавӣ, “Z”, “Х” ва назарияи “У”-ро дохил кардан мумкин аст.
Дата: 2017-05-10 /
Просмотры: 2868
Таълимоти идоракунии илмӣ дар асоси ақидаҳои намояндагони мактабҳои классикӣ оиди идоракунӣ ташаккул ёфтааст.
Мактаби классикии идоракунӣ - асосгузори ин мактаб Фредерик Уинслоу Тейлор (солҳои 1856-1915) мебошад. Тейлор дар назди худ ҳалли вазифаи афзункунии хосилнокии меҳнатро гузошта буд. Таълимоти ў аз омўхтани механикунонии ҷараёни истеҳсолот, ташкили илмии фаъолияти меҳнатии худ ва коргарони дигар иборат буданд. Дар ибтидо барои Тейлор омўхтани вазифаҳои самаранокии меҳнат, ки барои ташаккули раванди кор нигаронида шудааст, муҳим буд. Ниҳоят, ў ба хулоса омад, ки ба воситаи усули кўҳнашудаи ташкили меҳнат баланд бардоштани некўаҳволии соҳибкорон ғайри имкон аст, чунки бисёрии онҳо табиатан ба кор кардан шуғл надоштанд. Ин сабаби асосии паст будани дараҷаи ҳосилнокии меҳнат буд. Барои ислоҳ намудани ин ҳолат Тейлор ақидаҳои зеринро эҷод намудааст:
Ташкили идоракунии дастгоҳи давлати Сомониён ба фаъолияти вазирҳои бозаковати Насри II Сомонӣ, Абўабдуллоҳ Муҳаммади Вайҳонӣ (с. 914-918) ва Абулфазл Мухаммад Ибни Убайдуллоҳи Балъамӣ (с.918-938) тааллуқ дорад. Сарвари давлати Сомониён Амир буд. Дастгоҳи марказии давлатӣ аз даргоҳҳо (департаменти подшоҳӣ) ва девонҳо (раёсати низоми-шаҳрвандӣ) иборат буд. Сарварии сиёсиро дар дарбор соҳибони (амирони) ваколатдори подшоҳ, ки фармонҳои эшонро иҷро мекарданд, баҷо меоварданд. Дар итоати соҳибон теъдоди зиёди иҷрокунандагон (чўбдорон) мавҷуд буданд. Дар дарбор инчунин ҳайати коркунони хизматрасон (маъмурҳо, дастурхончиҳо, аспбонҳо ва дигар хизматгорон) мавҷуд буданд.
Дата: 2017-05-10 /
Просмотры: 4173
Идоракунӣ бо баробари ба вуҷуд омадани ҷомеа пайдо шудааст ва унсурҳои он дар тўли таърихи ҳазорсолаҳои тамаддун ба миён омадаанд.
Инкишофи назария ва амалияи идоракунӣ панҷ давраро дар бар мегирад:
Давраи якум - тавлиди идоракунӣ ба (5000 сол пеш аз мелод рост меояд), бо пайдоиши алифбои Шумери бостонӣ ва пайдоиши табақаи “Фидоиёни тоҷир” алоқамандӣ дорад. Дар ин давра дину оин ва фаъолияти тиҷоратӣ ба миён омадааст, тасаввурот дар бораи мақом ва мавқеи идоракунии ташкилот, мазмуни фаъолияти идоракунӣ ва усулҳои татбиқи он борҳо таѓиротҳои ҷиддиро аз сар гузаронидааст.
Дата: 2017-05-10 /
Просмотры: 1960
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved