Toggle navigation
DURAHSHON.TJ
Universal content of TJK
Обратная связь
Музыка
Для студентов
Видео
Стихи
ВидеоКЛИПЫ
Ҳамкорӣ ва дастгирии байни ҳавзаҳои хоҷагии қишлоқ ва саноат ҳамчун мояи амиқ гаштани истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамгироии кишоварзию саноат яке аз ҳодисаҳои маъмулу густаришёфтаи замони ҳозира мебошад
Дата: 2020-03-14 /
Просмотры: 7914
Андозбандии шахсони ҳуқуқӣ. Васоити таълимӣ.- Душанбе “Ирфон”, 2019.-163 с. Васоити таълимии мазкур дар заминаи муқаррароти Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф ёфта, ҳадафаш соддаву оммафаҳм гардонидани талаботи қонунгузории андоз барои шаҳрвандон мебошад. Васоити таълимӣ барои донишҷўёну магистрантони ихтисосҳои иқтисоду молия, омӯзгорон, аспирантон,соҳибкорон ва мутахассисони соҳаи молия тавсия мешавад. © Исломов Т.С.
Дата: 2019-11-25 /
Просмотры: 6123
Яке аз мақсадҳои асосии танзими макроиқтисодӣ ин таъмин намудани шуғли пурра мебошад. Дар зери мафҳуми шуғл шумораи аҳолии қобили меҳнат фаҳмида мешавад, ки бо ҷои кор таъмин мебошанд.
Дата: 2019-10-30 /
Просмотры: 5799
Таваррум як навъ касалиест, ки дар иқтисод бунёд ёфта, оҳиста-оҳиста ба ҷону устухони он ҷой гирифта, оқибат, онро муфлис за касод мегардонад. Аз ин ҷиҳат ташхис ва муолиҷаи он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлат мебошад.
Дата: 2019-10-30 /
Просмотры: 4793
Таваррум хислати хоси иқтисоди бозорӣ буда, меъёри аз 5 то 10 фоизи он (таварруми бомаром) дар иқтисод ҳамчун тамоюл ё худ қонунияти мӯътадил эътироф карда мешавад
Дата: 2019-10-30 /
Просмотры: 2379
Чи тавре ки аз саволҳои пеш таҳлил карда бармеояд, таваррум таҳти таъсири омил ва сабабҳои гуногун, вобаста ба хусусиятҳои низомҳои иқтисодӣ, дар шакл ва дараҷаҳои гуногун ба миён омада, мавқеи худро дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пурзӯр мегардонад
Дата: 2019-10-30 /
Просмотры: 3016
Аз тавсифи моҳият ва хусусиятҳои таваррум (ниг. саволи якум) бармеояд, ки зарурият ва сабабҳои ба вуҷуд омадани таваррум, аз хусуси-ятҳои омилҳои гуногун вобаста буда, ҷанбаҳои серпаҳлӯ ва мураккаби иқтисоди миллиро дар бар гирифта, вобаста ба онҳо намуд ва навъҳои зиёди онро бавуҷуд меоваранд.
Дата: 2019-10-30 /
Просмотры: 3888
Таваррум (инфлятсия, беқурбшавӣ) аз воҷаи лотинии inflatio гирифта шуда, маънои варам (дам) кардан, беҳад зиёд ё қиммат шуданро ифода мекунад. Мафҳуми таваррум мустақиман бо муносибатхои пулӣ, қарзӣ, молиявӣ, бонкӣ, андозу буҷет алоқаманд буда, зери таъсири онхо қарор дорад ва мутақобилан ба онҳо таъсири акс мерасонад.
Дата: 2019-10-30 /
Просмотры: 2429
Маълум аст, ки бозор, қонун ва механизми амали он муозинӣ ва мутаносибии тараққиёти иқтисоди миллиро пурра таъмин карда наметавонад. Инкишофу густариши иқтисоди миллӣ дар чорчӯбаи муозинии тарози байни даромад ва хароҷот сурат мегирад ва он бидуни танзими давлатии иқтисод имконнопазир аст.
Дата: 2019-10-30 /
Просмотры: 1709
Андоз яке аз фишангҳои асосии таҳрикдиҳандаи низоми молиявию қарзӣ, хусусан низоми буҷет буда, ҳамчун пулҷудокунӣ ва пардохтҳои қатъӣ (ҳатмие), ки тартиботи болоии маъмурӣ (ташкилотҳои болоии ҳукуматӣ) аз воҳидҳо (субъектҳо)-и ҳуқуқӣ ва аҳолӣ ба манфиати худ ва ҷамъият меситонанд, сурат мегирад.
Дата: 2019-10-30 /
Просмотры: 1678
Буҷет яке аз фишангҳои асосии азнавтақсимкунии дармад, олоти қулайтарини танзими давлатии иқтисод дар амал татбиқгардонии сиёсати иқтисодии давлат мебошад. Он ҳамчун унсури асосии низоми қарзию молиявӣ баромад карда, муносибатҳои байни субъектҳои макроиқтисоди (сохтори давлатӣ, сектори соҳибкорӣ, сектори хоҷагиҳои хонавода ва бурунмарзӣ)-ро оид ба ташкил, тақсим ва истифода бурдани захираҳои молиявӣ (пулӣ) ифода мекунад.
Дата: 2019-10-30 /
Просмотры: 1684
Молия (аз воҷаи франсавӣ – finance ва лотинӣ financia - даромад, (пардохт) дар шакли том дар шароити амиқ гаштани муносибатҳои молию пулӣ ва бунёду мустаҳкам гардидани мавқеи давлат дар иқтисод ва марбут ба он пайдо шудани талабот ба захира (манобеъ)-ҳои пулӣ ташкил ёфта минбаъда густариш ёфтааст.
Дата: 2019-10-30 /
Просмотры: 2048